Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
мемирам, – вай ангуштони ду дасташро кушода халқа карда нишон дод. – Аслан, ту бахил... додот ҳам бахил аст.
– Додом ба ту чӣ бахилӣ кард?
– Тӯйи Амонуллоро ки вайрон карда буд? Додои ту!
– Охир... Охир духтари понздаҳсоларо ба марди панҷоҳсола маҷбур диҳанд, муаллим хап шинад?! Ба он кас ҳам гап мерасад.
– Гап-дия!.. Вай ҳаштума тамом карда буд. Бахилӣ. Ҳамин катӣ обрӯ гирифтанӣ буд. Кошкӣ, ягон кас писанд кунад?
Раиса танқид карда расво шуданд-ку! Ана, додои Ҳусейн нахондагӣ бошад ҳам, аз додои ту сад баробар обрӯяш ҳам зиёд, кайфаш ҳам. Доим хонаашон пури меҳмон... Ту ҳам додот барин гӯр намешавӣ, бахил. Ман-ку, як мошини колхоза гирифта вангас кунонда мегардам, лекин хонӣ ҳам, ягон кам аз ту барака намеёбад.
– Додои ман тура хононда гунаҳгор шуд? – теғ кашида ба Самеъ нигарист Рашид.
– Ман аз додои ту ҳеҷ чиз ёд нагирифтаам. Бе додои ту ҳам мактаба тамом мекардам. – Баъд ба Ҳусейн рӯ оварда гуфт: – Ҳусейн, хез, рафта хирса мекушем! Хез.
– Сонӣ.
Маълум буд, ки Ҳусейн ба ин кор ҷуръат надорад, бинобар он, Самеъ зиёда исрор накард.
Соате ҳама хомӯш, ҳар яке ба ҳоли худ монд. Самеъ решаҳои “барои рӯзи танг” гирифтаашро мехоид, Ҳусейн чашмонашро пӯшида ғанаб мекард, Рашид бо чӯбчае ба реги зери пояш хат мекашид.
– Раис колхоза хешонаш катӣ тороҷ кард... Додои ман дар маҷлис гапи ҳақа гуфта, гунаҳгор шуд? – Рашид оқибат сар бардошта, бо алам ба Самеъ рӯ овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё