Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Ҳой, Ғирғираки бефаҳм! Аз гуруснагӣ мемурӣ, сонӣ чӣ мешавад? – Самеъ аз қаҳру ғазаб дарақ-дарақ меларзид.
– Ту ақлата хӯрдӣ, Рашид, – биниашро кашида-кашида таъкид мекард Ҳусейн. – Чӣ, мо мурем, майлаш? Хирс намурад? Ҳамту? Охир, баъди мо мурдан роҳ кушодани хирс ба кӣ даркор?! Як бор дурусттар фикр кун.
– Ҳой, шумоён одам-ку, гапа мефаҳмед. Охир, чанд бор гӯям?! – аз бемадорӣ бо овози паст фиғон мебаровард Рашид.
– Ҳама умеди халосӣ ба вай! Фақат ҳамин хирс раҳ меёбад ё раҳ кушода метавонад. Охир, уна куштан баробари худкушӣ кардан аст, – аз беҳолӣ дили вай сахт-сахт тапида, сараш чарх зад ва вуҷудашро арақи сард зер карду хомӯш монд.
Самеъ рафта об хӯрда омаду беҳолона худро ба замин партофт. Баъди он, ки лаҳзае хобида, нафас рост кард, хитобан ба Рашид гуфт.
– Бекора якравӣ мекунӣ. Ҳар сеямон ҳам мемурем... Ба касофати ту... Аҳмақӣ накун,бача! Пагоҳ-фардо аз ҷоямон хеста наметавонем. Сонӣ афсус мегӯӣ...
– Натарс, ҳолӣ хеле бақувватем.
Рашид фикр мекарду фикр мекард: “Агар хирса кушта хурем, беҳтар аст, ё накушем? – гаштаю баргашта аз худ мепурсид вай. – Агар кушем, бо гӯшташ дуру дароз дар ғор зинда мемонем. Лекин... агар ба даҳони ғор санги бисёр афтода бошад, кушода наметавонем. Баъди об шудани яхаш ҳам, кушода наметавонем. Хирс мекушояд. Вақти бедор шудани хирс наздик мерасад... Онро куштан ҳам хатарнок аст. Ҳар серо нобуд мекунад... Ба Самеъ чӣ хел фаҳмонам?..”
– Ту аҳмақӣ мекунӣ, бача, – боз ба вай мутаваҷҷеҳ шуд Самеъ. – Ё ягон қасди бад дорӣ? А? Мора куштан мехоҳӣ?..
Ман мурданӣ шавам, дониста мон: аввал тура мекушаму сонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё