Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ана, раис боз давраша меронад, додои ту кали мурдашӯ гашт.
– Авлоди мо аз паи меҳнат нони ҳалол хӯрда одат кардагӣ. Ҳаром ба мо намефорад. Ҳаромхӯриба одат кардагиҳо хӯрда гарданд.
– Аз дасташ ояд, додои ту ҳам мехурад! Аз дасташ намеояд. Барои ҳамин чашми дидан надорад, – гуфт Самеъ.
Рашид даст афшонду дигар ҷавоб надод.
– Ту барин аълочиҳои бахил гӯр ҳам намешавад, лекин, ана, Ҳусейн хонад, раис мешавад, фаҳмидӣ? – боз хурӯшид Самеъ.
Аз чӣ бошад, ки вай ҳоло худашро ба Ҳусейн наздик мегирифт. Бо ҳар баҳона ба вай тамаллуқкорӣ мекард, ё буғзи дилмонии пештараро бартараф кардан мехост, маълум набуд.
– Хайр, ҳар кас ба мақсадаш расад. Ман раис шуданӣ не... Раисиро ӯҳда карда ҳам наметавонам, – зери лаб ғур-ғур кард Рашид.
– Э, бас-е! – овоз баровард Ҳусейн. – Ҳамин хел гапҳо чӣ даркор? Худамо дар чӣ ҳолему...
– Ба Хосият-кампир ҳам додои ҳамин ариза навишта додагӣ, – алами Самеъ ҳеҷ пасанда намегашт. – Аз марказ омада, сонӣ чӣ қадар алғов-далғов карда рафтанд!
– Писаронаш дар ҷанг нобуд гаштагӣ, бекас... Нафақа намегирифт, ёрӣ намедоданд, ариза навишта те гӯяд, не гӯянд? – бо зарда савол кард Рашид. – Некӣ карда ба бало мондаанд-ку!
Самеъ ба паҳлуи Ҳусейн омада нишасту ба гӯши вай пичиррос зада ким чиҳо гуфт, аммо Ҳусейн ба аломати инкор сар ҷунбонд. Самеъ боз ба гап даромад, хеле кӯшиш кард, аммо шарикашро розӣ карда натавонист.

пешина
аз 192
навбатӣ