Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
онҳоро хотирҷамъ кард Рашид. – Ман то рафта он ҷонвара
набинам, дилам қарор намегирад.
– Гумонат вай чӣ? А, Рашид? – гаштаю баргашта мепурсид Самеъ. – Одами мурдагӣ ё не?
– Як гӯсфанда кушта, Рашид хурад гӯё мондаанд! – бо
нимовоз киноя кард Ҳусейн.
– Надонам... Дасти ман нарасидааст. Ин савола аз Ҳусейн пурс, – гуфт Рашид.
– Баногоҳ дев-пев бошад чӣ? – пурсид Ҳусейн.
– Э, хез-е! Тура кӣ мегӯянд хондагӣ!
– Хайр, чи-да? – акнун Самеъ ором намешуд. Овози ғафси вай ҳоло гӯшхарош ва бешира буд.
– Агар дарвоқеъ ягон одами мурдагӣ бошад-чӣ? А?.. Сонӣ чӣ кор мекунем? – бо даҳшат мепурсид Ҳусейн.
– Ҳар чӣ бошад ҳам, бояд рафта бинем, – гуфт Рашид
оҳиста, вале қатъӣ. – Фардо шумо аз қафо бед, ман пеш-пеш,
алав қатӣ рафта мебинам. Дигар сабр карда наметавонам.
– Ҷӯра, мон, ҳамин савдора аз сарат берун кун, – Ҳусейн
барои хобидан дароз кашид. – Мемурдагӣ бошем, аҷали худамон қатӣ... Эҳ, ҳозир дар деҳа фақат гапи мо...
– Наход мурда равем-а? – ташвишомез пурсид Самеъ.
– Э-э, ба додою очаи ман мушкил шуд... Рӯзашон сиёҳ
гашт...
– Ба очаи танҳои ман осон-да – сухани Рашидро бо тамасхур бурид Самеъ. – Тубаки ту тилло буд-дия.
– Ҳой, ҷӯраҳо, бед, як дам гапҳои нағз занем... Ҳар кас чӣ
мақсад дорад, кӣ шудан мехоҳад, кадом духтара хуш кардагӣ,
ҳаққаша гӯяд. Аз ҳар сеямон касе, ки ин сира ба каси дигар
гӯяд – номард. Гап дар миёни ҳар сеямон монад. Майлаш? –
ба шарикон рӯ овард Ҳусейн.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё