Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Кошкӣ, хӯрданӣ бошад, – гуфт Ҳусейн ба зӯр овоз бароварда. – Агар ҳайвон бошад, пӯсташ ҳам ба мо бас буд.
– Рӯз аз рӯз аз ҳол меравем. Дигар чизи хӯрданӣ нест.
Сонӣ дер мешавад, – гуфта Рашид шариконашро аз хатар огоҳ кард. – Сонӣ... дарунтар дароем, реша будагист...
– Рост, – гуфт Самеъ беҳолона ва бо ҳамин ба рафтан моил буданашро изҳор кард. – Меравам. Ҳар чӣ бодо бод. Аз дусар, дар ин ҷо ҳам мурда меравем.
Фақат Ҳусейн хомӯш менишаст.
– Аз қувват рафтӣ, об хур, – гуфт Рашид.
Он чизе, ки Ҳусейн даст зада буд, ба дили ҳар яке валвала ва беқарорӣ оварда буд. То ҳол яке бо умед, дигаре бо ваҳму ҳарос дар хусуси он фикр мекарданд, вале аз ин дам ҳама ба дарун бо умед менигаристанд.
Баъд онҳо то шом нақшаи ба он сӯ рафтанро кашиданд.
Рашид мегуфт, ки ҳар се баробар меравем, Ҳусейн узр пеш меовард, ки вай аз мурда метарсад, бинобар он, дар нимраҳ алав дошта меистад. Самеъ мегуфт, ки номаъқул кардӣ, агар бимирем, бигзор, ҳар се бимирем.
Ҳоло ҳавои даруни ғор чандон сард набуд. Ба ҳар ҳол, оби чашмаҳое, ки аз ҳар ҷо-ҳар ҷо он ҷорӣ гашта, ба ким куҷое ғоиб мегаштанд, ях набаста буданд. Бачаҳо аз сармо ларзида шабҳо барои гарм шудан ба дарунтари ғор мегузаштанд.
Моҳи март фаро мерасид ва нафаси баҳор дар ин зиндони табиат ҳам аллакай эҳсос мешуд.
Рашид як даста чӯбу чахси хушкро ба хокистар партофт.
– Э, мон, акнун хоб кунем!
– Дуд хӯрда-дуд хӯрда боз намурем?
– Дуд намекунад. Ман қӯра ба хокистар гӯр кардам, то пага меистад. Ҳезум хушк мешавад, фардо алав мекунем, –

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё