Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Наход, ки ба ҳамин хел гапҳо бовар кунед?! – гуфт
Рашид маломатомез, аз рӯи одаташ дари баҳсро кушода. – Ба
чашми одаме, ки ба ҷину аҷина бовар мекунад, ҳамин хел
менамояд. Баъзе ҳангоматалабҳо нанамояд ҳам, аз худ
мебофанд.
– Ғирғирак, ягон гапи нав гуй, – фавран ба даҳони вай
зад Самеъ.
– Ин гапа аз муаллимон мо ҳам шунидагӣ, – тақвият дод
ӯро Ҳусейн.
– Аҷинаҳо анголики вай, номаш чӣ буд, осиёбона каҷ
кард, ин ҳам ба чашмаш намудагӣ?!
– Албатта!.. Аз тарс, аз асабоният манаҳ не, лаб каҷ
мешавад, – сухани ӯро ислоҳ кард Рашид.
– Охир, анголики вай ҳоли ҳам каҷ! Ин ҳам ба назар
намудагӣ?
– Аз тарс... Ҳамин хел мемонад...
– Э, хез-е! – мазоҳ карда хандид Ҳусейн.
– Ҳой, Ғирғирак, ба ман нигар, – ором намегашт Самеъ.
– Осиёбон дар духтурхонаи район ду маҳ хоб рафт,
анголикаша соз карда натавонистанд-а? Каҷ шуда монд. Ана,
Ҷаббори новчагӣ духтур-пухтур нагуфту ба Мулло Ҳоҷӣ
хононд, сип-сиҳат шуду рафт! Ба ин чӣ мегӯӣ?!
– Додом мегӯянд, ки дардҳои муллогира духтур сиҳат
карда наметавонад, дарди духтуриро мулло. Ҳатто Мулло
Ҳоҷибек рӯирост гуфтаанд: ин дардат духтурӣ, фурсатро
нагузарону тез ба духтур нишон деҳ! – гуфт Ҳусейн.
Рашид хомӯш монд.
Дониш ва фаҳмиши вай ҳанӯз ба ӯ имкон намедоданд, ки
ба шариконаш оид ба хосияти дардҳои асабу рӯҳ, илми психотерапия, ки аз қадим ҳамчун як навъи табобат дар деҳот

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё