Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

вай. – Як қамчин аҷина асар накардагӣ бошад, додот раҳи равон худ ба худ лабханд зада намегаштанд... Рости гап.
Рашид дар ҷавоби ӯ писханд карду ҳарфе назада даст афшонд ва лаҳзае аз роҳ истода банди халтаи калони пуштораашро тарангтар кашиду борашро болотар гирифт. Панҷшашто китобҳои аз дӯкон харида хондагиаш ҳоло бори ӯро вазнин карда, пушташ арақшор гашта буд. Ҳамроҳонаш ба китобхарии ӯ бо тамасхур менигаристанд. Самеъ, умуман, китоб катӣ хушаш. Ҳусейн агар китоб харад ҳам, фақат китоби дарсӣ мехарид. «Агар шеъру қисса хонданӣ шавам, ана, китобхона пур-пури китоб! Ҳамаи онро хонда фурорам, сонӣ пул дода мехарам», мегуфт. Рашид дар ҷавоб мегуфт, ки китоби дилписанди кас доим сари дасташ бошад, беҳтар аст, ҳар гоҳ дилат хоҳад, гирифта саҳифаҳои нағзашро такрор мехонӣ. Китоби китобхона пули дар бонк будаги барин, азони ту, лекин аз сари раҳат чизи зарур барояд, кор намеояд.
– Аз ин як даҳ сол пеш дар ҳамин роҳ додои мана аҷинаҳо миёнагир кардагӣ, – таноби суханро гирифт Ҳусейн.
– Шаб аз район меомадаанд, ба Ғори Саркашон расамнарасам овози дойраю думбак, боз ким-чӣ хел нағмаю усул мебарояд. Нигаранд, аз қафояшон як тӯда зану мард дойра зада, усул карда меоянд. Дар дасташон алав. Аспа қамчин зананд, қамчини дасташон алав гирифтаст. Сонӣ чашмашона сахт пӯшидаанду аспа «чу» гуфта, калима гардондаанд, ёсин хондаанд. Сонӣ ҳамааш ғайб задааст. Бо вуҷуди ин, омада як моҳ касал хоб карданд.
– Амаки мана ҳам як шаб миёнагир кардагӣ. Он кас милтиқа гирифта, баробар ҳар ду куланга зер кардаанд, ду тир баробар шиллик занад, аҷина-паҷина намондаст! – гуфт Самеъ аз кори амакаш ифтихорманд сар ҷунбонда.

пешина
аз 192
навбатӣ