Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аҷаб не, – Ҳусейн ҳам луқма дод, – дар он дуньё почта
будагист.
– Бас аст, монед, фардо ягон ҳисобаша меёфтагистем. Аз
дусар ҳозир дар берун ҳам торик аст, дуда кӣ мебинад?! – гуфт
Рашид. – Ба дарунтари ғор дароем, балки ҳезуми хушк меёбем.
Ҳозир, ҳайвонҳои мӯҳтарам, боз ду-сетагӣ реша мехурем. –
Вай лаҳзае фикр карду сонӣ гуфт: – Агар реша нахурем, ба
решаамон теша мехурем.
– Агар девона-певона нашавӣ, шоир мешавӣ! – гуфт Самеъ ба мақсади ягон қофия ё сухани шӯх гуфтан.
– Мон ҳамин хел гапҳои гандара! – гуфт Ҳусейн малул ва
озурда бо овози ғамолуда.
– Ҳозир девона бошам ҳам, зинда гардам, шукр мекардам, – гуфт Самеъ. Сонӣ, баъди лаҳзае пурсид: – Одам чӣ хел
девона мешавад? А, Рашид?
– Ҳарза мегӯяд-дия. Аз барои гапи нағзаш ҳеҷ каса девона намегӯянд, – гуфт Рашид. Сонӣ ҳазломез илова кард: – Қариб худат барин гап мезанад.
– Э, монед, аз барои савоб, ягон гапи нағз гӯед, – зорӣ
кард Ҳусейн.
Рашид бархосту ба кофтукови худ андармон шуд. Вай аз
рӯзҳои аввали асирӣ ба кофтани таҳи дари ғор сар карда буд.
Агарчи аз ин кораш умеди наҷот чашмрас набуд, пайваста мекофт, мушт-мушт рег, сангу шағал ва ё барфи даҳани ғорро
кашида ба дарун мепартофт. Дар натиҷа ҳоло сангҳои ба даҳани ғор афтодагӣ урьён гашта, барфу реги қабати онҳо камкам мефуромад. Шариконаш ба ин кори беҳудаи вай тамасхур мекарданду бас.

Онҳо аз хоб бедор шуданд, вале рағбати бархостан на-

пешина
аз 192
навбатӣ