Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

фаҳм нарафта бештар асабонӣ гашт Самеъ.
– Фирдавсӣ-да. Санга нобуд мекардагӣ борон. Оби борон кислотаи нитрату сулфат дорад, бинобар он, санга мехурад. Имората ҳам.
– Э, бародар-е!.. Ман тут гӯям, ин бед мегӯяд. Мон ҳамин варсоқиҳои беҳудара! Гапу кори мешудара гӯй.
– Агар алав кунем, балки ягон ҷои дуд мебаромадагӣ бошад? А? – пурсид Ҳусейн бо умед.
– Рост, аз берун дида, одамон меомаданд, – ин фикр ба
Самеъ ҳам маъқул буд.
Рашид хомӯш фикр мекард, Ҳусейну Самеъ ба даҳони
вай нигарон буданд, аммо ӯ чӣ ҷавоб доданашро намедонист.
– Камакак алав даргиронда санҷидан даркор, – гуфт вай
оқибат. – Лекин ин кори хатарнок...
– Чӣ сӯхтор мешавад? – киноя кард Самеъ.
– Дар боло мӯрӣ набошад, нафасгир намешавем?! – дар
навбати худ аз кӯтоҳфикрии шарикаш дар қаҳр гашт Рашид.
– Э, ин қадар ту тарсандаӣ! Эҳтиёт мешавем-да. Кӣ аз ҷонаш сер шудаст, – гуфт Ҳусейн, ки ҳар як умеди наҷотро сахт
медошт.
–Чӣ, ҳоли аз ҷонат сер нашудӣ? – Ҳазл кардан хост
Самеъ.
Онҳо аз ҷо бархоста, даруни ғорро бо даст палмосида,
чӯбу чахс ғундоштанд, аммо он ҳезуми намнок буда, бо гӯгирд задан алав намегирифт. То шом беҳуда зӯр зада, гӯгирдро ним карданд.
– Як порча коғаз бошад... – ғусса мехӯрд Ҳусейн. – Кисаю бағалатона дурусттар ковед, наход ки як порча...
– Э, бошад, нигоҳ карда мешиштем? – асабонӣ ғур-ғур
кард Самеъ. – Коғаза руст карда ба очам хат менависам-чӣ?

пешина
аз 192
навбатӣ