Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
— Об хӯред... тез-тез об хӯрдан гиред, — таъкид кардам.
Аҳмад-ака оҳиста cap ҷунбонд.
Ман аз хайма берун омадаму ба кадом сӯ рафтанамро ва
чӣ кор карданамро надонистам, боз лаҳзае андешидам, ки боз
ҳоли вай агар бадтар шавад, чӣ кор мекунам? Дар бошишгоҳ
касе нест, ки ба ман ёрӣ кунад. Хун пои сермӯи ӯро шипшилта карда, ба рӯи коғаз мешорид.Хуне, ки аз пои вай рафт,
заҳри морро берун кард. Хуни бисёр рафт, чунон бисёр рафт,
ки дар охир тарсидам: мабодо аз хунравӣ ягон кору ҳол
нашавад... Не, бегоҳӣ сардор омада маро таъриф кард, асосан
корат дуруст гуфт.
Баъдан ба ёд овардам, ки касони ба шароити баландкӯҳ
одат кардагӣ ба марази сироятӣ, таъсири заҳр ва радиация
тобовар мешаванд. Дар китоб айнан, ҳамин тавр навиштагӣ
буд... Пеш аз он, ки ба ин сӯ ба кор биёям, оид ба кору
зиндагӣ дар баландкӯҳ китобчае хонда будам ва ҳоло
саҳифаҳои онро дар лавҳи хотирам дигарбора равшан намуд.
Замоне, ки одам дар оғӯши кӯҳҳо бошад, аз рӯи одат
баъзан фаромӯш мекунад, ки поёнтар аз ӯ ҳам кӯҳу теғаҳои
баланду осмонхарош вуҷуд доранд. Инсон ҳамеша ба пеш
менигарад ва аҷаб не, аз ҳамин сабаб асосан, кӯҳҳои аз худ
баландтарро кӯҳ медонаду бас. Албатта, ингуна ҳисси ғалат
дар оғӯши табиат безиён аст, аммо ҳайф аст агар одам дар
зиндагӣ, дар муносибат бо мардум ҳам аз қайди ингуна
кӯтоҳназарӣ берун наравад.
Соли 1976.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё