Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

КАБКҶАНГ

Нимрӯзи саратон буд. Барги дарахт намеҷунбид.
Мо дар чойхона, дар лаби як чорпояи ба фаввора наздиктар нишаста, чойи кабуд мехӯрдему ба гунҷишконе, ки аз гармои тоқатшикан гурехта, лаҳза ба лаҳза аз шохи дарахтон фуруд меомаданду дар зери фаввора нишаста фароғат доштанд, бо ҳасад менигаристем. “Кошкӣ, як ғел зада гунҷишк шавию лаҳзае дар зери ин борони маҳин истода роҳат кунӣ!” — Чунин андеша ин замон аз дили ҳар яке мегузашт.
Чойхонадор рӯмоли гардиро дар оби ҳавз тар карду ба рӯи қафаси кабк пӯшонд. Мурғаки асир аз шиддати гармо болҳояшро поён партофта ҳалқақ мезад.
— Ҷангӣ барин, — гуфт ҳамсӯҳбатам.
Пай бурдам, ки вай кабкшинос будани худро фаҳмонданӣ.
Ман ба ҷои ҷавоб китф дарҳам кашидам. Сипас, чи хел як моҳ пеш аз ин тасодуфан дар роҳ аз болои кабкҷанг баромаданам ба хотир расиду гуфтам:
— Ҷанги кабкро дидаму суратгирӣ намонданд. Суратгиракро бароварда, қариб ба бало мондам.
— И-и, чиба? — бе рағбат савол кард он ҳамсӯҳбати ман, ки бо ҳам тасодуфан дар як чорпоя нишаста ҳамгап будем.
— Рӯз-рӯзи якшанбе буд. Чоштгоҳӣ аз шаҳр баромада, ба тарафи дараи Варзоб равон шудам. Бо роҳи поён, аз хиёбони Ҳофиз қад-қади дарьё мерафтам, дар қариби деҳаи Хоҷа Анбиё, дуртар аз роҳ дар як майдони холӣ ҷамоатеро дидам: ба тахмин 60-70 нафар мардон, чор-панҷ мошини сабукрав. Мардум зич ба як ҷо ҷамъ шудагӣ. Ягон қатра асал ба замин чакад, ба даври он чӣ хел мӯрча ғун мешавад,

пешина
аз 192
навбатӣ