Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
пои чапаш ишора мекард. Аллакай тангии нафас гирифта, сиёҳии чашмонаш ба дарун мерафт. Ман чӣ тавр мӯзаи пои моргазидаи ӯро кашида, чигуна пои шалворро чок кардам, худам ҳам намедонам. Кордчаи таҳшудаашро боз кардаму чашмонамро баста ҷои моргазидаро аз се ҷо се бор бурриш додам. Хун фаввора зад. Сипас тасмаи камарбандамро кашидаму пои моргазидаи ӯро аз рон болотар бо фишор бастам, то ки хуни заҳролуд ба узвҳои дигари бадан паҳн нагардад. Дар як лаҳза лабонаш кабуд шуда, чашмонаш беҷо гаштанд. Чунон тарсидам, ки ҳеҷ монед. Саросема пои хуншорро молиш дода ва баъдан ба тарафи чодир тохтам. Дӯлчаро овардаму аз чашма об гирифта ба даҳони Аҳмад-акаи тақрибан беҳуш паёпай об рехтам. Аз даҳони маҷрӯҳ кафк медамид. Пас аз он ки ба вай чаҳор дӯлча обро хурондам, сари ӯро ба поён хам кардам, то қайкунӣ ба маҷрӯҳ осонтар бошад. Ҳамин ки қайкунӣ қатъ шуд, ба вай боз об медодам. Баъди се-чор навбат обхӯрию қайкунӣ, Аҳмад-ака андаке ба худ омаду чашмашро боз кард ва фурсате нагузашта пуштора карда ба чодир бурдам ва ӯро дар ҷогаҳаш хобондам.
Пас аз замоне зӯр ба зӯр ба худ омад.
— Ҷуфти ҳамон мор будаст? — пурсидам.
— Э, ай куҷо донум!.. — нолиш кард Аҳмад.
— Ба Ангор равам, духтур ҷеғ зананд?
— Рация вайронай... Володя ҳам дар сари кор.
— Чи кунем?.. А?.. ба асп савор шуда метавонед? Ба ягон деҳоти наздик мебарам?
— Эҳ-ҳе... Ду рӯз даркорай... ҷон — нолон-нолон гуфт Аҳмад.
Илҳом сухани нарм ва “ҷон” гуфтани ӯро бори аввал мешунид. Вай ба зери пои хуншори Аҳмад халтаи коғазиеро ниҳоду ба пеши ӯ як сатил обу дӯлчаро оварда монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё