Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Бо ин қадар доғ мумкин не, — таъкид кард ректор. — Деканат, комсомол, донишҷӯён... Агар ҳозир ба муҳокимаи комсомолон гузорем ҳам, ҷазои сахт медиҳанду бо он танбеҳ имтиҳони давлатиро супурдан намегузоранд... Ҳамин хел кунед, додар.
Соли дигар биёед. Ҳамин хел кунед, укоҷон, — ӯ Ғаюрро гоҳ додар мегуфт, гоҳ писар ва гоҳе укоҷон.
— Агар ба маслиҳати ман гӯш кунед, зиён намебинед.
— Хуб, ҳеҷ набошад, рухсат диҳед, ки соли дигар омада, дар факультети худамон таҳсил кунам, — гуфт Ғаюр маъюс ба чашми ректор нигариста.
— Хайр, мебинем, укоҷон, ваъда намедиҳам, лекин ягон илоҷ мекунем. Шумо ба назди домулло Орифӣ рафта ҳозир узр гӯед, муаллимҷон, аз ман беақлӣ гузашт, бубахшед...
— Маро мебахшед, ин корро наметавонам... Ба одами қаллоб узр?! Ҳаргиз наметавонам.
— Ана, диҳед, ман ба шумо некӣ карданиам, лекин шумо баръакс... Хайр, ҳеҷ гап не, ин тобистон нағз истироҳат кунед. Тирамоҳ биёед, ягон илоҷ мекунем. Гап ҳамин, фаҳмидед-а?
Ғаюр ба тасдиқ сар ҷунбонд.
Аслан дар дилаш вай аз ҳамин илтифот ҳам шукр мекард. Донишҷӯи рондаи донишгоҳ, ки дирӯзакак ҳеҷ яке аз ин касон арзашро шунидан намехост, имрӯз ин қадар илтифот медид, суханони нарму дилсӯзона мешунид, оё ба ин пешниҳод розӣ нагашта метавонист?!

пешина
аз 538
навбатӣ