Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Инак, гап ҳамин-а, додар? — ректор аз ҷо бархосту аз бозуи Ғаюр гирифту ба сӯи дар бурд, — Якуми сентябрь рост ба пеши худам бед! Як чашм пӯшида мекушоед, ки соли хониш гузаштааст, дипломро мегиред. Вассалом... Хайр, саломат бошед.
Ҳамхонааояш аз дарс наомада, Ғаюр саросема борашро басту бистарашро ба мудири хобгоҳ супурд. Сипас, ду ҷомадони пуркитобро бардошта ба хонаи Карим - ака рафт, то дар он ҷо бо дӯстон хайрухуш кунад.
Дӯстонаш одатан баъди дарс дар он ҷо ғун мешуданд.
Қарордоди ректорро шунида, Мирзою Каримака, ки аз ҳама пеш бо дили пур омада чашм ба роҳи Ғаюр интизор менишастанд, баробар фиғон бароварданд.
— Барои чӣ розӣ шудӣ?.. Э, калла! — чашмони Мирзо аз косахонааш ҷаҳида баромад, рангу рӯяш аз алам лаблабу барин сурх гашт. Ба назар чунин мерасид, ки ҳозир вай аз гиребони Ғаюр мегирад. — Охир, ту чӣ гуноҳ кардӣ?! Аз чӣ метарсӣ?!
— Э, афсӯс! Сад афсус!.. — Ба зонуҳояш мезад Карим-ака. — Корро ланҷ кардед, додарам! Ректор гапи нағз кати шуморо... Э, афсӯс... Одами дилаш рост камтар гӯл мешудааст.

пешина
аз 538
навбатӣ