Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мадад ҷуста пеши шумо меояд? Кӣ ба шумо бовар мекунад?.. Ду моҳ кор мекунед ё не, аз бобати шумо даста - даста ариза, норозигӣ... Сонӣ аз мо мепурсанд, ходими адлия гӯён ба кӣ роҳхат додед, мегӯянд. Охир, шумо дар давоми панҷ сол ахлоқатонро ислоҳ насохтаед! Ана, шаҳодати рафиқони худатон, муаллим, декан...
Ғаюр хомӯш буд. Вай аз гап задан метарсид, метарсид, ки агар даҳан кушояд, фарьёд мезанаду гиребони худро пора мекунад ва аз нав ҳама корро чигил менамояд. Беҳтарин кор — хомӯшӣ, хомӯшӣ.
Сари хамро шамшер намебурад гӯянд, вай инро ҳикмати бечорагону оҷизон мегуфт...
Баъди хеле хомӯшӣ Юнусӣ масилҳатомез ба сухан даромад:
— Ба факультети таърих гузаронем? Боз як сол мехонеду сонӣ тамом мекунед? А?
Ғаюр китф дарҳам кашид. Чӣ гӯяд? Вай чӣ ҷавоб доданашро намедонист. Баъди чандрӯза ноумедӣ, арзашро гӯш накарданҳо ҳамин ваъдаю кафолат ҳам дар назараш комьёбӣ барин менамуд.
— Гап ҳамин, писар... Якуми сентябрь рост ба назди худам биёед. Ман гуфтам, гапам якта:
донишгоҳро тамом карда меравед. Як сол ҳеҷ гап не. Акнун, писар, он тарафаш гуноҳи худатон...
— Наход, ки ягон илоҷи дигар набошад? — гуфт вай имдодхоҳона. — Ман муфаттиши оддии адлия шудан мехоҳам! Ман ба кор омилам... Панҷ сол бо баҳои аъло хондам...

пешина
аз 538
навбатӣ