Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Чӣ тавр шуморо рухсат додаанд...
— Ҳамин ҳам гап шуд, домулло! — гуфт ногаҳон Ғаюр аз равиши афкори ректор матлабро пай бурда.
— Рост рафтаму гуфтам, ки ман ҳақиқату адолат кофта омадам! Ҳамин хел чиз ҳаст ё не? Вассалом.
Фаҳмидед?
Юнусӣ андаке сурх шуд, вале сир бой надод.
— Ана, дидед, чи миқдор касонро аз кор монондед, гуфтаниам... Гуноҳатон як тараф, ҳам донишҷӯён ва ҳам муаллимон аз шумо норозианд, додар! Агар Орифӣ ин масъаларо набардоранд ҳам, шуморо аз имтиҳони давлатӣ намегузаронданд. Он кас рӯирост гуфтанд: «Аз фанни ман баҳояш —2».
Дар дили Ғаюр дарьёи эътироз талотум мекарду меҷӯшид, як-як ҳамаи гуноҳҳои ба сари вай мондагии ректорро рад кардан мехост, вале баъди моҷарои Орифӣ, баъди таъкидҳои такрор ба такрори ёронаш вай аз баҳс кардан меҳаросид.
Ғаюр бесаброна қарори ректорро нигарон буд.
Ректор андешамандона шишаи рӯи мизро нақоравор навохт, баъд ба Ғаюр нигариста, ба маънии «дидӣ, ҳеҷ илоҷ намеёбам» сар ҷунбонд.
Ваҷоҳати вай равшан мегуфт: «Чӣ чора кунам, намедонам. Дар миёни обу оташ мондӣ маро, бача»...
Баъд гӯё маслиҳатомез пурсид:
— Хӯш, худатон гӯед, аз дасти ман чӣ кор меояд?
Ҳақ, надорем, ки ба шумо диплом диҳем! Ин касбу кори одамони сирф бедоғ аст! Муфаттиши адлия! Кӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор