Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Дуним моҳ пештар аз кор озод гашта дафтарчаи меҳнатиамро гирифта будам. Сонӣ ба ректор занг заданду аз хусуси ман пурсон шуданд. Аз афти кор, вай эркатулфори пулмаст, пӯла-шӯла гуфт магар, ки «эркатулфори куҷо, бепадар, як модар дорад, панҷ сол баробари таҳсил кор кардааст... Боз аъло хондааст... Ин хел донишҷӯён, дар донишгоҳатон хеле бисьёр будаанд-дия...» гӯён киноя карданду ректор хап шуд. Сонӣ... Ҳа, сонӣ гуфтанд, ки давлати мо дар тӯли панҷ сол барои таҳсили илми ин ҷавон чӣ қадар маблағ сарф кардагӣ, медонистагистед. Ба ғайр аз ин шумо, инсонпарварӣ зоҳир кунед, барои як пула гапу кор ҳаёти инсонро шикастан аз рӯи адолат не. Ректор дар ҷавоб дуру дароз эзоҳ дод, Наврӯзов «хӯш-хӯш», «ҳа-ҳа» гӯён гӯш доду сонӣ суханро мухтасар карду гуфт: «Дар маҷлиси комсомолӣ муҳокима кунанд...» Сонӣ ба ман гуфтанд, ки ба назди ректоратон равед.
— Ура-а-а! — Карим-ака, Мирзо ва Ҳусейн якбора аз чор тараф Ғаюрро оғӯш карда ду-се бор бардошта бо пояш ба замин партофтанд.
Духгарон дасти ӯро фишурда суханони табрику таҳният ва муборакбодӣ гуфтанд.
— Рӯи ин лӯлизанаки дурӯғгӯй сиёҳ! — гуфт Мунира. — Фолаш чап омад магар, ба ҷои Ғаюр фақат як духтараки малламӯй ба фолаш омад.
Сараш дар об, пояш дар гирдоб аст, хайр, охираш ба рӯшноӣ мебарояд, аммо алҳол раҳаш торик аст, гуфт. Акнун росташро гӯй, Ғаюр, духтари малламӯй

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор