Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ки ӯ аз гузаргоҳ гузашт, Мирзо дигар тоқат накарда, дастонашро ба даҳонаш карнай карду гуфт:
— Гург ё рӯбоҳ?
Ғаюр табассум намуду ба нишони қаноатмандӣ сар ҷунбонд. Баъд ҳамсабақон ба ӯ расиданду ҷавонон ба навбат канораш гирифтанд.
— Аз шумоён миннатдорам... Агар шумоҳо кӯмак намекардед, аз донишгоҳ хориҷ будам. Ин Орифии нобакор гапашро дар ҳама ҷо пазондагӣ будаст...
Ман ҳамту, маро тарсонданӣ гӯям, не...
—Хуб, бигӯ, чӣ гуфтугузоре шуд, ҳамаашро гӯй,
— ба беқарорӣ сухани ӯро бурид Мирзо.
— Ғаюр!.. Ман ба ту фол кушодам! — Мунира ӯро диду якбора беихтиёр бо овози баланд фарьёд кашид. Баъд аз карда хиҷолат гашта, даҳонашро бо кафи дасташ пӯшид ва ҳаросон ба чашми раҳгузарон нигариста мазмун гирифтан мехост.
— Мӯрча, метарсам, ту ҳам Ғаюр барин ба ягон хел фалокат пешрав мегардӣ! — гуфт Карим-ака бо табассуми маломатомез сар ҷунбонда.
— Садқаи сарам, дипломамро диҳанд, ба ман бас аст, дигар наметарсам. Ягон шавҳари серпулро меёбаму бафароғат дар хона мешинам, кор-пор намекунам...
— Хайр, биист, Ғаюр гап занад, — гуфт Мирзо, сухани Мунираро бурида. Сонӣ ба Ғаюр рӯ оварда гуфт: — Зудтар гӯй...
— Чӣ ҳам гӯям, ҳамаи гуфтаниҳоро шаб гуфта будем. Дафтарчаи имтиҳоноту дафтарчаи меҳнатиамро ҳиҷҷа карда бадиққат хонданд.

пешина
аз 538
навбатӣ