Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кӣ?.. А?.. Чаро то имрӯз мо намедонем?.. А? Аз мо руст мекунӣ? Меёбем, — бидиррос мезаду истинтоқ мекард Мунира.
— Тую Мирзо аз ҳама гӯр хабардор бошед ҳам, он духтари малламӯй ки, дар сад сол ҳам намеёбед, намедонед. Аммо ман медонам! Медонам ё не, Ғаюр?!
— Аз куҷо медонед? — ҳайрон буд Ғаюр. Нигоҳи пургумон ва авзои хавотиромези вай диққати ҳамаро ҷалб кард.
— Медонам. Номашро гӯям? А?.. Лолаи боғу чаман! Лолахасак не, лолаи ҳақиқӣ, лолаи асл! Ҳа, Мунира, ту аз дуньё бехабар гаштӣ-дия!
— Аз мо руст кардед?.. Хайр... — Мунира хотирозурда ба рӯи Ғаюру Карим-ака менигарист.
— Не забудьте, закон имеет обратную силу!
— Ба ман Ғаюр ин сирро нагуфтааст. Ана, худаш гӯяд. Хайр, вақташ расад, худаш мегуфтагист.
Онҳо раҳораҳ то ба донишгоҳ Ғаюрро аз ҷон безор карданд, то бигӯяд, ки он духтар кист, аммо Ғаюр якзайл мегуфт, ки «духтари амаам будагист»
ва айёрона табассум менамуду саволомез ба чашми Карим-ака менигарист ва донистан мехост, ки ба чи усулу аз Лола дарак ёфта аст.
— Сабру таҳаммул кунед, ба қарибӣ ҳама гапро мефаҳмед, дӯстон. Ин Ғаюр гуфтагетон чунон одаме будаст, ки андарунаш гов мепазад! Охир, панҷ сол боз бо ин духтар Лайлию Маҷнун бошад ҳам, ҳеҷ кас бӯяшро нафаҳмидаст-е!.. Қоил мондам. Хайр, алҳол худи Ғаюр ҳам аз баъзе сиру савдо бехабар барин менамояд...

пешина
аз 538
навбатӣ