Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
он фишурда мегашт, ки Лола худро пеши вай гунаҳгор мешуморад ва аз вай даргузашта ба дигаре шавҳар карданӣ нест. Ин гуна дилсӯзии духтар ғазаби ӯро меҷӯшонд, аммо аз чӣ бошад, ки бо духтар рӯирост аз ин хусус сухан карда наметавонист. Алоқамандии Лола бо ӯ ва хонаводаи ӯ хеле сидқию самимӣ буд ва ба ин ҳама муносибати меҳрогин пушти по задани вай кори осон набуд. Ба ғайр аз ин, дар қаъри дили Ғаюр ба Лола меҳри гарме монанди лахчае, ки рӯяшро хокистар пӯшидааст, пинҳон буд, аммо дар назари халқи ҷаҳон худро ба ин духтари зебо ва маъсума носазовор медид ва аз ин хусус басо шиканҷаи рӯҳӣ мекашиду сабр мекард. Аз ин бобат баъзан меандешиду ба дарьёи хаёлҳои ширин ғӯтавар мегашт ва худро ҳамсари Лола медид, вале ин замон хешу ақрабои Лола пайдо мешуданду дар паҳлӯи духтар ӯро дида, маъюс нигоҳи худро мегурезонданд, ба таассуф оҳ мекашиданд, ба якдигар маънидор нигариста лаб каҷ мекарданд...
Тарсу ҳарос аз ин чунин вазъи кор дар хобу дар ҳушьёрӣ ӯро думболагир буд. Хусусан, пеши назари хешовандони Лола вай аз вазъи хонаю манзили фақиронаи худ изтироб накашида наметавонист:
кулбаи похсадевораш каҷу килебу боми пастакаш хаспӯши онҳоро бешак дар хонаводаи духтар, агар мол мепарвариданд, барои чорпо лоиқ медонистанд.
Агар тӯй кунад, падару модари баландмартабаи духтар, хешовандони калонгири вай, савори «волга»-ҳои сафеди бошукӯҳ ба деҳа мераванд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор