Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мераванду дар ҳузури мардуми деҳа фиғон
мебардоранд, аз бетолеию бебарории духтари худ
алам кашида, балки ҳой-ҳойкунон гирья оғоз
менамоянд... Он гоҳ дар назари аҳли деҳа чӣ одаме
мешавам?! — мегуфт Ғаюр дар соатҳои танҳоӣ аз ин
хусус андешида. — Ҳар яке аз ҳамдеҳагон рӯирост
мегӯяд: «Ба кӯрпаат нигариста, пой дароз кунӣ,
намешавад?! Ту куҷою духтари вазир куҷо? Дар
сурфаат нимча орд нею ба гардани сагат марвориду
марҷон бастан мехоҳӣ?!» Медонам, хонадони ӯро аз
ҳоли мо нанг меояд, аз он ҳам огоҳам, ки бо
саргузашти ман барине ба сояи Лола барин духтар
нигаристан ҷоиз нест, лекин бо дили худ чӣ илоҷ
кунам?.. Сад не, ҳазорон бор мехостам, ки вай
духтари коргар ё колхозчии оддию қаторӣ ё
фарзанди муаллими мактаб ё духтуре бошад. Баъзан
ба худ мегӯям, ки хайр, дар замони пеш ҳам аҳьёнаҳьён нодору доро, омию саид ба якдигар пайванд
мехӯрдаанд-ку! Пастию баландии миёни мо меросӣ
не, ирсӣ не, агар волидайни Лола одамони фозил ва
ба мақому мартабаи худ шоиста бошанд, набояд, ки
ба ҳоли ман баринҳо биханданд ва аз кори ман
хашм бигиранд. Охир, ҳамагӣ ним аср шуд, ним
асракак қабл аз ин инқилоб ҳамаро баробар карда
буд... Аслан, агар ҳақи гапро гӯям, аз нодорию
кулба-козаи харобамон ҳам чандон зиёд хавотирӣ
надорам. Агар ҳамин сабилмонда аз ҳабс
баргаштанам набошад... Ҳолӣ ҳайронам, ки чӣ хел
адвокат мешавам?.. Махсусан, бо ин одамон, бо ин
чунин коргузорию муомила... Ба фикрам, Қонунии

пешина
аз 538
навбатӣ