Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин ваҷҳ падару модар беқарор чораҷӯӣ мекарданд. Онҳо сараввал ба Ғаюр вохӯрда, аз хусуси Лола нияти ӯро пурсиданд.
Ғарази асосии онон қимати ҷавонро таъин кардан буд. Ғаюр ба онҳо ҳеҷ хуш наомад: «ҷавони бениҳоят дарундор будаст, Лола агар ба ҳамин расад, умраш хазон мегардад. Аз вуҷудаш заҳри заққум меборад-е! Ягон бор табассум карданашро надидем. Не-е, вай ҳаргиз лоиқи Лолаи мо не,» — мегуфтанд онҳо. Сонӣ боз ба насиҳат ва ташвиқу тарғиби духтар мепардохтанд, аммо ҷаҳдашон беасар буд.
Лола аз он қаноатманд буд, ки соли аввали таҳсилаш дар шаҳр Ғаюр ба вай сирф бепарво буд, аммо ҳоло дигаргун аст. Боре Лола нимҳазлу нимҷиддӣ «аз афти кор, ба умеди шумо пирдухтар мешавам» гуфт, Ғаюр дар ҷавоби сухани ӯ абрӯ чин карда, хеле муддат андешиду оқибат гуфт: «Ман лоиқи шумо нестам, Лола... Аз ин бобат наандешида наметавонам. Охир, шумо барои зиндагии мӯҳташамона офарида шудаед... Ман ба ин қарибиҳо хонадор шудан наметавонам, солҳои наздик чунин имконият надорам. Ман катӣ азоб мекашед... Бе ин ҳам шуморо хеле азоб, овардам.»
Лола он рӯз дар ҷавоб гуфт: «Аввал шумо хонадор мешавед, ман хушбахтии шуморо бинам, сонӣ...»
Дарвоқеъ, Ғаюр ҳоло медонист, ки Лола аслан дар назди вай гунаҳгор нест, фаразан агар ӯ дар суд одами ҳамла кардагӣ ин набуд гӯяд ҳам, ӯро сафед намекарданд. Айёми охир дили Ғаюр ҳар лаҳза аз

пешина
аз 538
навбатӣ