Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кам шунида буданд ва дар имтиҳонот чӣ гуна ба саволҳо ҷавоб доданашро аксаран намедиданд, вай аълочии мутлақ ба шумор мерафт. Фақат соли гузашта як нафар муаллими фанни фалсафа дар имтиҳон ба вай баҳои «миёна» монду Ҳайдар ним сол аз стипендияи аълочиён маҳрум гашт. Аз рӯи гуфти баъзеҳо ин баҳои «миёна» ӯро аз дипломи имтиёзнок маҳрум кардаст. Аммо ҳолдонҳо мегуфтанд, ки ӯ имтиҳони фалсафаро аз нав ба муаллими дигаре месупоридаст.
Ғаюр ҳам дар таҳсил пешқадам буд, аммо ба мисли Ҳайдар ҷамоатчӣ ва обрӯманд не, дар назди раҳбарони факультет ҳам таъсир ва эътиборе надошт. Ҳамту, дар қатори донишҷӯёни миёнаҳол ба назар ноаён мегашт. Агар баъзе муаллимон ӯро таҳсин кунанд, гӯё гуноҳе содир карда бошад, хиҷолат мекашиду лаблабу барин сурх мешуд.
Чунон ки Мирзо ном ҳамсабақашон мегуфт, вай ба таъриф ҳеҷ одат накард, ки одат накард.
Вақтҳои охир декан Орифӣ аз чӣ бошад, ки Ғаюрро ҳеҷ хуш намекард. Агар мавриди таҳсин ояд, кӯшиш мекард, ки ӯро пай набурда хомӯш гузарад, замони сарзаниш — аввал ба вай дармеафтод. Ғаюр тағьири авзои деканро кайҳо пай бурда буд. Аз нигоҳаш, салому алекаш возеҳ эҳсос мегашт, ки ин одам ӯро хуш намекунад, балки зиёда аз он, адовате дорад, вале ин кашфи худро вай дар қаъри дил пинҳон медошт, ҳатто худ ба худ ҳам иқрор намекард. Сонитар пай бурд, ки муомилааш бо дигар муаллимон ҳам қавию эътимодбахш нест, зиёда аз ин, баъзан бо ҳамдарсон ҳам тезу тундӣ дорад.

пешина
аз 538
навбатӣ