Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғаюр сабаби ин ҳолро дарьёфтан, вазъи нохуши ба миён омадаро ислоҳ кардан мехост, вале кӯшиши ӯ аксар бар ҳадар мерафт. Ба назари вай чунин мерасид, ки дар ин бозӣ дасти тасодуф бар қасди вай мӯҳра меронад.
Ҳоло вай дарьёфт, ки агар дар хона боз фурсате бишинад, Ғиёс бо ягон баҳона ба асаби вай расида, дилсиёҳие сар мекунад, бинобар он, китобашро пӯшиду аз ҷо бархост ва ҳарфе назада берун рафт.
— Тезтар дафъ шав, пес, — гуфт Ғиёс ҳанӯз Ғаюр аз қафои худ дарро напӯшида. Сонӣ ба ҳамнишинон рӯ овард: — Гурезондам-а!— қоҳ-қоҳ зад вай. — Ҳамин ки як даҳан гап занам, мегурезад! Бадбахтро расо тарсондаам!
— Вай ҳам туро боб кард, — гуфт кадоме, аммо сухани ӯро Ҳайдар бурид.
— Бохабар шав, ин падарлаънат хапгир аст.
Номаълум чунон боб мекунад, ки... Ҳозир мо ҳама яктан гаштему беилоҷ аст, лекин фурсат мепояд баттол! — Ҳайдар намехост, ки дар дили ҳамфикронаш нисбат ба Ғаюр ҳисси шафқат пайдо шавад. — Солеҳов илтимоси маро ба инобат гирифта, ба ҳама баҳо монд. Кӣ ба ректор хабар дод? Кори ҳамин!
— Албатта, кори ҳамин аст! — зуд сухани Ҳайдарро тақвият дод Ғиёс. — Стипендияро нодуруст тақсим кард гӯён аз болои декан кӣ навишт? Ҳамин!

пешина
аз 538
навбатӣ