Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фақат чор - панҷ нафаре дар ин гурӯҳ мухтор буданд ва бо салоҳдиди худ ва фикру ақидае, ки доштанд, амал мекарданд ва дар баробари ин бо Ҳайдар муносибаташон мӯътадил буд.
Ҳайдар аз тоифаи он ҷавонони хушбарор буд, ки аз рӯзи ба остонаи донишгоҳ қадам зер карданаш буҷулаш хест: декани факультет — Орифӣ рӯзи аввали таҳсил ба синф даромада, ӯро бо суханони нағз тавсиф дода, ба донишҷӯён шиносонд ва сардори гурӯҳ таъин кард. Худи Ҳайдар аз шиносоиаш бо декан дар тӯли панҷ сол ягон бор ба касе даҳан накушода бошад ҳам, аз рӯзи аввал бачаҳо ҳамин қадар фаҳмида буданд, ки падари вай аз шахсони баландмартабаи музофот аст — яке мегуфт, ки раиси колхоз аст, дигаре тасдиқ мекард, ки раиси идораи матлубот, сеюмӣ ӯро прокурори район тахмин мекард.
Зисту зиндагӣ ва харҷу хароҷоти Ҳайдар ба ин далолат мекард, ки пул барои ӯ монанди барги хазон аст. Дар донишкада ягон донишҷӯ ин қадар костюмҳои аъло, куртаю туфлиҳои нодири хориҷисохт надошт. Ғиёси камбағал ҳатто кӯҳнаколаҳои ӯро пӯшида, як сару гардан аз дигарон фарқ мекард. Қобилияти Ҳайдар аз миёна болотор бошад ҳам, бо ин қадар имкону васила оё дар силки донишҷӯёни пешқадам ва аълохон набуда метавонист? Агарчи ҳамдарсон ҷавоби саҳеҳи ӯро

пешина
аз 538
навбатӣ