Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ишора ҳамеша ба ҷароҳати носури ҳарифи худ намак мепошад.
Ғаюр гуфтаҳои ӯро бо ғазаб, дандон ба дандон монда гӯш карду сипас, суханонашро дона-дона карда ба тааннӣ гуфт:
— Демократия?! Қонун? — рӯ турш карду тамасхур намуд Ғаюр. — Аробаи холиро гирифта метозӣ, бача! Саросема нашав, замон ҳар касро ба хари худаш савор мекунад.
— Ба ту бадбахт хар ҳам намерасад, — зуд ба даҳони вай зад Ғиёс.
Аслан ба Ғаюр кинакашии вай барои ризои хотири Ҳайдар буд.
Ба мақсади ҳамфикрӣ ба Ҳайдар бачаҳо боз баробар хандиданд.
Ҳайдари навчаю сафедандом, газгӯшт бо чашмони чуқури бемижа ба атрофиёнаш ҳамчун ҳомӣ бо виқор менигарист. Симои вай ким-чӣ хел ниқоби беранг доштагӣ барин, зуд дар ёд намемонад. Ба монанди мансабдӯстони ҷавон дар симояш калонгирӣ ва ваҷоҳати карахт дошт, ба атрофиён ҳомиёна, як навъ сарпараствор менигарист, кам сухан мегуфт, нигоҳаш гӯё одамро надида, аз ӯ парешон, лағжида мегузашт. Ақлаш буд, қобилияти таҳсил ҳам дошт, мавридаш ояд, худдорӣ карда метавонист. Камбудии асосии вай ин буд, ки ҷозиба надошт, ҷозибаи сидқӣ дар салиқаи вай набуд, чунон ки дар одамони хасис.
Баъзе аз ҳамдарсон аз Ҳайдар метарсиданд, тоифае ботинан аз ӯ нафрат кунанд ҳам, ночор ба рӯяш механдиданд, гурӯҳи дигар ба ҳар навъ бо ӯ мувофиқат доштанд, бо майлу хоҳиши вай кор мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор