Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Баъди ду-се рӯз боз дар коғазхалта мева дар даст омаду табақу дастархони холиашро бурд.
Дили Занҷир оҳиста-оҳиста ба Кабир гармтар мегашт, аксар ҳангом хаёли ӯро ба сар дошт, вале ин ҳисси худро алҳол ба ҷавон зоҳир кардан намехост Дар дили ҷавон чӣ сиру савдоест, вай чӣ одам аст, падару модараш чӣ касонанд, ӯ намедонист ва аз ин хусус хотирҷамъ набуд. Мехост ӯро дӯст дорад, вале ба самимияти ҷавон дилпурӣ надошт. Ба ғайр аз ин Кабир аз саргузашти вай бехабар аст. Ҳоло Бадалбеки шум дараки ӯро ёфта, дарди сар медиҳад. Занҷир намедонист ба чӣ роҳ қадами ӯро аз остонаи фабрика барканад.
Бадалбек аз ӯ умедвор буд ва сари ҳар чанд вақт дар шаҳр пайдо мешуду дар суроғи Занҷир ба фабрика меомад, раҳи ӯро мепоиду ҳамгап шудан мехост. Баъзан чунон берӯю беҳаё амал мекард, беибо аз ҳамроҳони духтарак вайро зӯран аз роҳ доштан мехост, сипас баробари онҳо меомаду раҳораҳ ниятҳои худро мегуфт, ваъдаҳо медод. Ҳатто боре ба кисаи Занҷир як даста пулро андохтан хост, вале ӯ пули вайро гирифту ғурронд, духтарон пулҳоро аз замин бардошта бо мазоҳу масхара ба ҳаво мепартофтанду бод онро ба ҳар тараф парешон мекард.
Иринаю Салима ба Занҷир гуфтанд, ки ба директори фабрика дарою арзи ҳол кун, чунон таноби ин аблаҳро мекашанд, вале Занҷир ба шикоят ҷуръат намекард.
Боре дар таҳи дарвозаи фабрика дугонаҳояшро нигарон буд, ногаҳон дар рӯ ба рӯяш Бадалбек пайдо шуд ва Занҷир гуфт, ки агар ӯро ба ҳоли худ намонад, шикоят

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё