Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ҳар замон шалоин гашта, ӯро безор кардани ду-се тан ҷавонони беҳаё ва як марди дарози нафратангез, ки аз сабаби пургӯиаш Девонаи Даҳондарида мегуфтанд, Занҷирро баъзан ба он водор медошт, ки зудтар худро ба ҳимояи ҷавонмарди дилхоҳу мувофиқе бигирад.
Аммо аз хато кардану пушаймон гаштан дар ин арса ончунон меҳаросид, ки баъзан шабҳо хоб аз чашмонаш мепарид.
Кабир қариб ним сол кӯшид, ки бо Занҷир ҷиддан гуфтугӯ кунад, вале духтар суханро ба ҳазл, баъзан ба мазоҳу масхара мебурду табъи ӯро хира мекард. Ӯ чандин айём поида гашт, то Занҷирро дар танҳоӣ дарьёбаду гуфтугӯ кунад, вале ба ин мақсади худ низ ноил нашуд. Занҷир бо зоти мард ҳаргиз танҳо намемонд. Аз корхона ба хобгоҳ ва аз хобгоҳ ба корхона ҳамеша ҳамроҳи духтарон рафтуомад дошт ва худаш танҳо ба ҷое намерафт. Сонитар Кабир фаҳмид, ки духтар аз ҷавонон фақат бо вай ин қадар ҳазлу базлагӯӣ кардааст. Ҷавонони дигар мегуфтанд, ки ба сухан ҷавоб ҳам намедиҳад, ту кистӣ ҳам намегӯяд. Вай аз Иринаю Салима, ки дар хобгоҳ бо Занҷир ҳамхона буданд, аз хусуси ин духтари ошиқнописанд пурсуков карда, хеле гап гирифт ва пайваста ба онҳо тамаллуқ мекард, то дар ин ҷода ӯро мададгор бошанд.
Занҷир дигар бо вай гуфтугӯро дароз намекард. Як шаби ид хоҳарчаи дувоздаҳсолаи Кабир аз дастархони идонаашон барои Занҷир табақе манту, меваю қандалот гирифта овард. Дар деҳа ба духтарони гаҳворабахш ё номзад шуда ин гуна идӣ мефиристоданд. Духтарак ба нею нестони Занҷир гӯш надода «Модарам фиристоданд, агар гардонед, хафа мешаванд гӯён гурехта рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё