Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мекунад, кулли ҷинояти ӯро ба прократура мерасонад, вале Бадалбек тамасхуромез хандиду гуфт:
— Фоида надорад, Занҷири ширин, ҳеҷ фоида надорад. Ман медонам, шикоятатро «барои тафтиш ва чораҷӯӣ» гӯён боз ба район, ба дасти ҷӯраҳои худам мефиристонанд, онҳо... — вай ба ишора фаҳмонд, ки печ мекунанду носашонро ба дарунаш туф карда, ба қуттии хокрӯба мепартоянд. — Наботов шикоят навишта чӣ ёфт, аз додот пурс. — Сипас ба нармӣ гуфт: — Боз худатро бадном мекунӣ. Ақлата кор фармо, ман дар шаҳр барои ту ҳавлӣ мехарам, маликаи шоҳ барин зиндагӣ мекунӣ. Тамоми давлату сарватамро ба дасти ту месупорам. Фикр кун, Занҷири ширин, аз ду сар, баъди ин қадар валвала ягон одами дуруст туро зан намекунад.
Агар ҳамин хел аҳмақ ёфт шавад ҳам, аз дасти ман туро гирифта наметавонад. Биё розӣ шав, хушбахт мешавӣ, як умр ба чор танга моҳона нигарон намекунам. Ман намегузорам, ки дастатро ба оби сард занӣ, Занҷир. Ман аз баҳри ҳамааш мебароям, ҳамроҳи ту мемонам.
Занҷир ин гуфтаҳои Бадалбекро андешида, дар илоҷи мушкили худ ҳайрон монд. Агар ба касе дар деҳа аламе гузараду шикоят менависам гӯяд, одамон мегуфтанд:
«Шикоят навис, Наботов барин гумномат мекунанд».
Наботов як вақте ба мактаби деҳа директор таъин гашта, мактабро бағоят ободу батартиб кардааст. Моҳи май бо хоҳиши раҳбарон талабагон чанд рӯзи истироҳат ба ягонаи пахтазор рафтаанд. Директор ба шогирдон ваъда кардааст, ки музди корашонро ситонда, ба он пул онҳоро ба тамошои Норак мебарад. Аммо маъмурони колхоз имрӯзу фардо гӯён музди кори шогирдонро надодаанд.

пешина
аз 538
навбатӣ