Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
вале онҳо сухани аксариятро тасдиқ карданд.
Муаллим ба Ғаюр рӯ овард: «Ман доири ин мавзӯъ каму беш аз китобҳо хондаам...» гуфт вай.
Албатта, дар маслиҳати ҳамсинфон Ғаюр шарик набуд. Баъзан вайро сирф фаромӯш мекарданду шахси ӯро ба инобат намегирифтанд. Бе ин ҳама вай хуб медонист, ки ин гуна рафтор дар ҳаққи шарикдарсон хиёнат аст, вале чӣ кунад, ки дурӯғ гуфтан наметавонист. Ба дурӯғ, ба фиреб як навъ нафрат ва адовати модарзодӣ дошт.
Ҳоло Ҳайдар аз таги чашм ба сӯи вай нигариста, мисли ҳамеша асроромез ба ҳамхонаҳо нигаристу бо овози паст, мад кашида гуфт:
— Аз ин хел худхӯраму худшавам эҳтиёт шавед.
— Аз девори каҷ ҳазар, — аз рӯи одат зуд ӯро дастгирӣ кард Ғиёс. Сонӣ ба тарафи ҳамнишинон айёрона чашм хобонду ба Ғаюр нигарист: — Ғаюр, ҳой, Ғаюр, полонат нав шудаст, пулро аз куҷо ёфтӣ?
— ба пиҷаки нави вай ишора кард.
Ғаюр аз китоб чашм набардошта бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонду бас, ки маъниаш чӣ мехоҳӣ, фаҳмидам, вале лоиқи ҷавоб намеҳисобам, гуфтани ӯ буд. Чунин беэътиноии ӯ махсусан ҳамхонаҳоро оташин мекард.
— Ҳой, аз ту мепурсам!.. Ба даҳонат об гирифтӣ?
Ё забоната ғунда газид? — Ғиёс ҷавоби бесухани Ғаюрро нафаҳмид ва ё фаҳмад ҳам, ба инобат гирифтан нахосту ба ҳар навъе ӯро ба сухан оварданӣ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор