Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Дарди дилашро намегӯяд, ба онон ғамшарик намешавад? Чаро вай баробари онҳо хандидан наметавонад? Охир, ханда оби ҳаёт астку, чаро вай аз ин эъҷози табиати инсонҳо бенасиб мондаст?» — баъзан аз худ савол мекард Ғаюр, вале ҷавоби таъин намеёфт. Ӯ ба ҳамсабақон агарчи бо чашмони як инсони неку бади рӯзгорро санҷидаву гармию сардии онро басо санҷида нигоҳ мекард, вале аксаран худ ба муҳокимарониҳои онон тамасхур менамуд. Бешак, вай ин ҳисси худро ҷаҳд мекард, ки зоҳир насозад, вале аз ин худфиребӣ бештар азият мекашид.
Дар асл, чаро ба ин кӯдакони сабукфикр тамасхур ҳам накунад? Акнун, дар синни бисту себисту чор «Чор дарвеш» ва «Се мушкетёр»-ро хонда, ба ваҷҳ меоянду ӯ ба берангии афкори онҳо писханд нанамояд?! Барои хас барин манфиати худ баъзе аз онҳо оламеро мефӯрушаду Ғаюр кароҳат накунад?! Ҳар яке аз ин ҷавонон агар саргузашти ӯро аз сар мегузаронд...
Бале, ӯ ба тарзе, ки дилаш мехост мезист, таҳсили илм дошт, кор мекард, вале бо атрофиён зиёда сару кордор будан намехост. Аммо ӯ бехабар аз он буд, ки одамон чунин хулқу рафторро ба вай намебахшанд.
Боре ҳамсабақон маслиҳатро ба як ҷо монда, ба муаллим гуфтанд: китобе, ки аз рӯи он бояд мавзӯи семинарро хонанд, дар китобхона нест ва бинобар он, тайёрӣ надидаанд. Муаллим аз ду-се нафар донишҷӯёни пешқадам алоҳида-алоҳида пурсид,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор