Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ончунон баҳсу талош доштанд, ки рагҳои гарданашон арғамчин барин ҷаҳида, лаблабу барин сурх гашта буданд, аммо ин лаҳза ҳама ба сари сулҳу салоҳ омада, аҳьён-аҳьён қоҳ-қоҳ зада, хонаро ба сар мебардоштанд.
Ғаюр аз дар даромаду сӯҳбати онҳо худ аз худ қатъ ёфт. Вай мисли ҳамеш а парешонавзоъ ва зоҳиран ба атрофиён беалоқа ба хона ворид гашт, чунон ки мегӯянд, ба номаш сар ҷунбонда, ба ҳамхонаҳо салом карду ҷониби кати худ гузашт.
Пиҷакашро кашида рӯи болиш партофт ва як лаби кӯрпаро бардошта, дар каташ нишаст. Дар назар чунин меомад, ки вай саҳван ба ин хона ворид гашта ва ҳоло ба чи кор андармон гаштанашро намедонад. Аксар ҳангом дар хулқи Ғаюр инчунин вазъ ба назар мерасид, ҳатто баъзан дар ҳузури дусе тан ҳамсабақони каму беш наздикаш ҳам, вай бесабаб дасту по мехӯрд ва баҳонае пеш оварда зуд аз онон ҷудо мешуд.
Ҳоло ӯ аз даруни ҷевончааш китоберо гирифта, варақ мезад.
Ҳамхонаҳо ҳар замон ин ҷевончаро кофта, китобу дафтар ва дигар ашьёи ӯро дарҳам-барҳам карданашон, ҳатто як-ду бор қуфли ҷомадонашро шикаста, онро ба тафтиш кофтанашон ӯро ёд омаду димоғаш гирифт. Дар тӯли панҷ соли донишҷӯӣ ба дили ҳамсабақон раҳ наёфта, бегонавор монданаш ботинан ӯро азият медод. «Чаро вай бо ин ҷавонон наздикию қаробат намеҷӯяд? Чаро боре бафурҷа ба чашми онон наменигарад, рози дилашонро намешунавад?

пешина
аз 538
навбатӣ