Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин ки Ғаюр ба хона ворид шуд, ба деги ҷӯшони сӯҳбати ҳамхонаҳо гӯё оби сард мерехт:
лаҳзае онҳо хомӯш мемонданд ё мавзӯи гуфтугӯро дигар мекарданд; агар мавзӯи пешинро идома диҳанд ҳам, суханашон чандон намечаспид ва барои ин беш аз пеш ба вай хашм мегирифтанд. Баъзе аз ҳамсабақонаш дар ҳузури Ғаюр худ аз худ ноҳинҷор ва асабонӣ буданд. Вазъи ҳамеша ҷиддӣ, нигоҳи вазнин ва ба атроф беэътино, бепарво нигаристанаш, бегонахӯӣ ва дигар хислатҳои ба инсони ҷавон ночаспони ӯро аломати худписандӣ, ғурур ва кинадории вай мешумурданд. Аксари ҳамсабақон аслан зуҳури равшани худписандию кинаварии ӯро возеҳ надонанд ҳам, ин хулоса ва ҳукми тайёрро, ки аввал бор аз кӣ сар заданаш маълум набуд, аксарият бе чуну чаро қабул карда буданд. Гумони ононро низ асосе буд, вале ҷавонон баъзан аз хусуси гапу кори ба шахси онҳо камиртибот зуд ба ягон хулосаи ростмонанд шарик мешаванду барои ақли худро давондан коҳилӣ мекунанд. Вагарна дар сиришти Ғаюр ба ҷуз эҳсоси шаъну эътибор, ки тафриқаи он аз ғурур гоҳе мушкил аст, сифатҳои аҷибу ғариб кам набуд.
Имрӯз ҳам сокинони ин хонаи калони хобгоҳ — донишҷӯёни ҳамсабақ сари мизи дарози дар мобайн гузоштагӣ нишаста, аз чойники тунукаи сирдор чой рехта, нону қанд мехӯрданду бо овози баланд гуфтугӯ мекарданд. Ним соат қабл аз ин онҳо

пешина
аз 538
навбатӣ