Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай пешонии тангашро пурчин карда, ошкоро бо мазоҳ ба сӯи Ғаюр менигаристу дасисаҷӯёна ӯро ба гап даровардан мехост. Вай ба Ғаюр ҳарзагӯӣ ва ҳарзаталошӣ мекард, ба дилу ба асаби ӯ сахт расида, аз мувозинат баровардан мехост. Вале Ғаюр бо ифодаи танаффур дар чеҳра хомӯш буд.
Кӣ медонад, агар вай қаҳру ғазаб ва нафраташро мисли дигарон фошофош изҳор мекард, аз гиребони баъзеҳо сахт гирифта такон медод, балки бо ӯ чунин муомила намекарданд.
Ғиёс аслан дар курси якум ҷавони бечораҳоле буд. Сару либосаш ҳам, гуфтору рафтораш ҳам, қобилияти фикрию дарсхониаш ҳам ба ёрию дастгирӣ ниёзманд, дар хусуси чӣ гуна аз конкурс гузаштанаш донишҷӯён ҳар хел тахминҳо мезаданд.
Вай чунон фурӯтан, мутеъ ва гапдаро буд, ки агар баъзеҳо аз ин бечорагии ӯ сӯиистеъмол кунанд ҳам, қаҳраш намеомад. Аммо дар чунин ҳолатҳо ғазаби Ғаюр меҷӯшид. Сонитар Ғиёс худро ба паноҳи сардори гурӯҳ — Ҳайдар гирифту ба қавли баъзеҳо «адютант», ба ифодаи гурӯҳе «сумкабардор»-и вай гашт ва кам-кам хулқу атвораш ҳам дигар шуд, тамоми он нишонаҳои бечораҳолиаш барҳам хӯрданд ва дар тӯли як-ду сол ӯ ба як ҷавони сахтрӯй, дасисаталаб ва моҷароҷӯй табдил ёфт.
Тағйири хулқу атвори вай фақат баъзеҳоро ба тааҷҷуб афканду бас. Ҳайдар дар ҳар бобат ба вай валинеъматӣ зоҳир мекард. Сару либоси кӯҳна ва ё писанд наомадагиаш ба Ғиёс мерасид. Ҳангоми санҷишу имтиҳон ва ё тақсими стипендияю хобгоҳ

пешина
аз 538
навбатӣ