Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Дар дил гуфтам, ки ҳозир ин ғўзачашм маро маҷбур мекунад, ки ба шиками гурусна ин заҳрро нўшам. Баданам виҷиррос зад, вуҷудам ларзид.
– Хайр, гиред, аз дўсти нодон, аз зани беҳаё, аз раҳбари худдонам нигаҳ дорад, – вай бо ин ҳикмати бофтаи худаш пиёларо ба Исрофилзода дароз кард.
Сипас дигарашро ба ман пешкаш менамуд.
– Не, ман намехўрам, узр... Ду рўз боз хўроки дуруст нахўрдаам.
– Ҳозир тайёр мешавад, шумо ина гиред. Барои иштиҳа, – гуфта вай пиёларо ба ман дароз карда истод.
Аз афташ, саркор ё сухани маро нафаҳмид ва ё аз қабили одамоне буд, ки ба ҳарфи хурдон чандон эътибор намедиҳанд. Ба ҳар ҳол «барои иштиҳа»
гуфтани ў хандаамро овард.
– Хайр, шумо гиред, ман сонитар, – одами калонсол якзайл даст дароз карда истоданаш маро саросема карду пиёларо аз дасташ гарифта, ба дастархон мондам.
– Аз даст намемонанд. Қоидааш ҳамин, – гуфт саркор ва ба Исрофилзода рў овард: – Домулло, ба шогирдон камтар услубу одоб ҳам ёд диҳетон.
– Сад грамм арақ, намекуштагист, гиред, – Исрофилзода пиёлаи маро гарифта, ба дастам дод.
– Гиред, додар, дўст кушад ҳам, ба офтоб намепартод.
Аз дасти дўст як пиёла об хўред, ки асал аст, – чеҳрааш кушода гашта, боз мақол овард саркор.
Кўр шавад, гуфта нўшидаму зимнан ба саркор зеҳн мондам. Вай пиёлаи пурро оҳиста дам кашиду бе ҳеҷ рўтуршкунӣ як пора нонро бў кашида, гапашро бо Исрофилзода давом дод. Аз ҳар як ҳаракати вай, аз ҳар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор