Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

як суханаш маълум буд, ки марди бениёз, коркун ва ба
худ боваридор аст.
Он рўзи наҳс бо хотираи нохуши худ ҳамеша дар ёди
ман, ҳамчун ҷароҳати накбат маро ҳар замон сўзиш
медиҳад, ҳамчун сабақе аз соддагӣ ва бетаҷрибагии
ҷавониам ҳамеша бароям кор медиҳад. Ба ёд меораму
худро маломат мекунам, аз ҳастиам дилмонда мешавам.
Сипас боз худро тасаллӣ медиҳам, ки оби рўд ҳам аз
пасту баланди роҳ, аз афтодану кўфтанҳо пухта
мешавад.
Баъд мурғбирён оварданду шишаи дигарро кушода,
нўшидем. Ман дар хусуси бешудгори тирамоҳӣ мондани
заминҳои бригада гап кушода, бо саркор баҳс кардам,
киштгардон накарда, ҳар сол ба замин як хел зироат
кориданашонро гуфта, андешаҳои худро дар ин хусус
баён карда, аз афташ, сарашонро хеле гаранг кардам, ки
саркор боз шишаи арақ кушод.
Ман аз рўи китобҳои хондагиам мулоҳиза мерондам,
доир ба ин масъала ҳамон вақт таҷрибаи амалӣ ва
вуқуфи саҳеҳ надоштанамро хеле сонитар фаҳмидам.
Бегоҳирўзӣ ба сўи қароргоҳамон омаданам арангаранг дар ёдам мондааст. Аз донишҷўе пурсидам, ки
бачаҳо куҷо шудаанд? «Ба район, ба деҳа, ба ҳар тараф
рафтанд», гуфт вай. Ба сари вай дод задаам, ки чаро
беиҷозат мераванд... Сонӣ ба куҷо рафтам, чӣ кор
кардам, намедонам, ногаҳон дар рў ба рўям Рухсораро
дида, лаҳзае ба худ омадам. Вай ким-чиҳо гуфта, маро
ба хонаи хобам бурд. Ёд дорам, вай лампаи керосинии
хонаи маро дармегиронд...
Баъд, дар ёдам мондааст, маро ба хоб кардан ташвиқ
мекарду ман саркашӣ карда ба куҷое рафтанӣ, бо касе

пешина
аз 538
навбатӣ