Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хел? – нигоҳи бовиқори вай ин дафъа рўи маро палмосида гузашт.
Ёфтам, нигоҳи вай ба нигоҳи шер, шери дар боғи ҳайвонот дидагиамон шабоҳат дошт. Азбаски вай маро донишҷў ҳисобида, беэътино, фақат ба Исрофилзода нигариста гап мезад, ман ду-се қадам канортар рафтам.
– Ягон чиз ҳаст охир? – пурсид Исрофилзода берағбат фиш-фишкунон. Ў «ягон чиз» гуфта ош ё ягон хел зиёфатро дар назар дошт ва оҳанги суханаш ба он далолат мекард, ки бо саркор борҳо ҳамтабақ шудааст.
– Ин хел бошад, ана, ба ин хона марҳамат кунанд.
Хонаи гург бе устухон намешавад, чӣ гуфтед? – саркор моро ба ҳамон хонае, ки аз он берун омад, раҳнамоӣ кард.
– Бачаҳо чӣ мешаванд? – пурсидам ман оҳиста аз Исрофилзода.
– Саркор гуфтанд-ку, надидед, одам рафт? - гуфт вай дилпур, ба оҳанги акнун донишҷўён сер шуданд, гуфтан гир.
Саркор моро ба хона дароварда шинонд. Баъд худаш берун рафта ба саройбон супориши даркориро дода омаду дар таги тиреза чорзону зада нишаст.
Фурсате нагузашта, саройбон даромаду ба назди мо дастархон паҳн кард. Аввал нону ангур овард. Саркор нонро шикасту моро ба дастархон ҳидоят карда, худаш ба гап андармон шуд. Нигарам, Исрофилзода ҳам шикамаш сер барин ба гап саргарм, мурооти зиёдро мунтазир нашуда, як пора нону як сар ангур гирифта хўрдам. Саройбон дар як коса салати помидору ду шиша арақ оварда монду худаш баромада рафт. Саркор яке аз шишаҳоро кушоду баробар тақсим карда, ба се пиёла рехт.

пешина
аз 538
навбатӣ