Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз хоначае, ки тирезааш ба тарафи раҳ буд, ба истиқболи мо саркор баромад. Дар тан ҷомаи зира, дар сар тоқӣ, вай як марди ҳайкалдор, шофбурут, рўяш сергўшт, нигоҳаш вазнину бовиқор буд. Саркор гап мезаду ба чашми кас наменигарист. Аз ин хислаташ тахмин кардам, ки вай одами коргар, аммо ростгўю чарбзабон аст. Аммо ҳайбати вай аз саркор дида бештар ба раисҳои солҳои пеш монанд буд. Саркор арзамонро шунида, «не-е, наход?» гўён дар ҳайрат афтод, оташин шуд, ба номи касе дашном фиристоду сонӣ аз мо гила кард, ки чаро се рўз боз ба вай нагуфтем. Баъд яке аз колхозчиёнро ҷеғ заду амр кард:
– Аспи мана савор шаву ба қишлоқ тоз. Ҳар як хона сетогӣ нон ёфта диҳад. Агар нонаш набошад, аз ҳамсояаш қарз гирифта диҳад. Аз хонаи Сафар, Шукур ҷамъи нони будагира мегирӣ. Боз аз хона як ҷувол картошка гир. Дар таги айвон рехтагӣ, худат фуромада, бардор. Тез гашта биё.
Баъди рафтани он мардак саркор ба Исрофилзода рў оварда гуфт:
– Домулло, шумо шаҳриҳо одати мора намедонед...
Наход, ки дар ҳамин хел замони серӣ, дар қишлоқ, тўй аз паси тўю бачаҳо гушна шинанд?! Ба ёрдами мо омада, кор кунанду... – вай бо таассуф сар ҷунбонд. – Ҳар яктаи инҳо падару модар дорад, барои падару модараш азиз...
Қишлоқ – одами пур, як порагӣ диҳад, сер мекунад, як муштӣ занад, мекушад... Истед, ки аҳволи худатон чӣ

пешина
аз 538
навбатӣ