Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
онҳо ба қашқаи чидаи мо чандон эътиборе намедоданд.
Ҳатто ба ҳисоб намегирифтанд, худамон ба саройи бригада бурда, дар таги айвон мерехтем. Аслан онро пахта гуфтан ҳам хато, ғоз надошт, ба хамири сахтшуда монанд буд. Донишҷўён дарсҳои нахондагиро ба ёд оварда, фикр мекарданд, баъди ба институт баргаштан соати кадом дарсҳоро мебурранд, рўзе ҳаштсоатӣ дарс мехонанд ё шашсоатӣ, муҳокима мекарданд.
Ҳамон сол ғалла танқистар шуд. Орду нон ду-се моҳ камчин гашт. Ба мо сари вақт нон нарасид. Рўзи аввал захираҳоро сарф кардем. Рўзи дигар ошпаз аз субҳ ба анбор рафта, то бегоҳӣ гум шуда рафту боз ду даст ба бинӣ омад. Агар дар деҳа, дар байни мардум мебудем, гурусна намемондем, аммо дар ин гўшаи бекас одам чӣ кор карданашро надониста, саргаранг мешудааст.
Картошкаю макарони таги халтаҳоро афшонда, хўрок пухтему ба донишҷўён таоми шомро бенон додем.
Пагоҳирўзи дигар ҳам нон наомад. Қанд фаровон буд, аксар як пиёлагӣ қандчой хӯрданд, баъзеҳо печени ва конфет қатӣ ношто карда, ба қашқачинӣ баромаданд.
Исрофилзода ҳамроҳи ошпаз ба анбор рафту ман ҳамроҳи донишҷўён ба саҳро баромадам. Дар роҳ картошказори ҳосилаш ғундошта гирифтаро дида, аз раҳ гаштам. Омадаму каланду сатил гирифта рафтам.
Замини картошкаро бо каланд дигарбора гардонда, то нимрўзӣ зиёдтар аз ду сатил картошкамайда чидам.
Бачаҳо ба нимрўзӣ омаданд, картошка ҷўшондем. Ба ҳар кас ду-се дона картошка расид.
Боз аз идора дасти холӣ омаданд. Ваъда кардаанд, ки то бегоҳ озуқа мефиристанд. Дигар ба умеди ваъдаи онҳо нишастан нашуд. Бо Исрофилзода маслиҳат кардему ҳарду ба тарафи сарои пахтаи бригада рафтем, ду нафар колхозчиён дар пахтахушккунак ҷунбуҷўл мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор