Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Китоби бисьёре оварда будам, дар соатҳои бекорӣ дар гўшае нишаста, мутолиа мекардам.
Дар ин ҷо вазифаи ман баркашида гирифтани пахтаи донишҷўён, сипас онро ба ҳисобдори бригада супорида, барои пахтаи чидагӣ справка гирифтан, феҳраст сохта, пули аз хўрок бар изофаи донишҷўёнро аз сандуқи хазинаи колхоз гирифта ба онҳо додан. Исрофилзода ҳар бегоҳӣ ба штаб, ба пеши калонон рафта, аз пахтаи чидаи донишҷўён ҳисоб медиҳад. Муаллим аз тоифаи он касоне, ки бо раҳбарон сару кор доштан, дар атрофи онҳо ҷўлида гаштанро нағз мебинанд. Хислатҳои аҷиб дорад.
Рўзе ректор ва парторги институт колхозро давр гашта, ба бригадаи мо омаданд. Онҳо ҳар сари чанд вақт барои ҳолпурсӣ меоянд. Дар институт, дар колхозҳое, ки донишҷўёни мо пахта мечинанд, чӣ аҳвол аст, чӣ гапҳои нав, кӣ ғайрат дораду кӣ не, киро сарфароз карда, ба кӣ ҷазо додаанд, хабар медоданд, аз мо ҳолҷўӣ мекарданд, таъинот медоданд. Исрофилзода намонд, ки гапҳои тозаро гўянду шунавем. Ба онҳо навбати сухан намедиҳад. Гоҳе сухан дар даҳонаш мемонду ректор аз ягон кас гап мепурсид, ё ба ягон кори мо эрод мегирифт.
Аввали моҳи декабр. Ҳаво сард гашта, як-ду раҳ борони барфолуд ҳам борид, аммо тафси замин кори худро кард. Деҳқонон кайҳо ҳосили полезҳояшонро ғундошта гирифта буданд. Дар пахтазор ҳам пахта нест, донишҷўён кураку қашқа мечинанд. Мо ҳар рўз интизори фармони ба шаҳр баргаштан будем. Плани бригада ҳам, плани колхоз ҳам кайҳо буд шуда, дигар

пешина
аз 538
навбатӣ