Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Надонам, – гуфту зери лаб хандид. – Хостгорҳои умедворашонро аз раҳ задед... ба ситеза ҳамин хел кардагистанд-дия.
Аммо ин гапаш барои шухӣ буд, инро ман аз оҳанги суханаш фаҳмидам. Вай дурўғро бомаҳорат гуфта наметавонад. Сонитар фаҳмонд, ки падараш ба институт омада, аз ину он дар хусуси ман пурсуҷў кардаанд.
– Як муаллими пиракӣ гуфтаанд, ки вай дар сағирхона калон шудагӣ... Боз бекасу кўй, арақхўр, бадахлок... Боз ким-чӣ гапҳои намешудагӣ ёфта омада, ҳамаро гаранг карда шиштаанд... Аслаш, худатон гунаҳгор. Ҳамаро ба худ душман карда, дигар ба дардатон даво наёфта гардед, – гуфт вай бо алам.
Аммо ҳуши ман ба муаллими пир банд буд.
– Аҷоиб... Муаллими пиракиашон кӣ бошад?.. Обидӣ будагистанд? Он кас дар ҳамон ҷо. Ҷўразода ин хел намегўянд.
Он рўзҳо аз ростӣ, ба бедардию беғамии Исрофилзода ҳавасам меомад. Вай соатҳои дароз бо донишҷўён чақ-чақ карда менишаст. Ба пеши саркор мерафт, вай қатӣ гапаш қўр мегирифт, шабҳо дар штаб ё меҳмонӣ гум шуда мерафт, хуллас, моҳияти рўзу фароғати хоби шаб, нашъаи сўҳбат ва лаззати таоми хўрдагиашро медонист. Баъзан нимишаб ба хобгоҳ ширакайф меомаду ҷои он ки оҳиста даромада хоб кунад, маро бедор мекард:
– Вафобек! Ў, Вафобек! – сару либосашро кашида истода, фарёд мекард вай.
Намедонам аз чӣ сабаб вай ба номи ман «бек» ҳамроҳ мекард. Исрофилзода ҳамкори хушҳол буд, аммо ман он рўзҳо бо ғами худ андармон гашта, ба гўшам гап намедаромад.

пешина
аз 538
навбатӣ