Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Рўзе ду нафар ҷавон бо мошини сабукрав Рухсораро пурсида омаданд. Ўро аз пахтазор ҷеғ зада, даҳ дақиқа барин гапзанон карданду баргашта рафтанд.
Ман дар сари тарозу будам, аз он сўи қитъаи калон, онҳоро шинохта натавонистам. Ҳар қадар дилам беқарорӣ кард, худдорӣ кардаму наздик нарафтам.
Ҳамон талабгори Рухсора будаст, ки ба институт омада буд. Баъди ба донишгоҳ омада, Рухсораро дида рафтанаш ману Манучеҳр ба наздаш, ба Ҳисор рафта будем. Буду шуди гапро гуфта, хоҳиш кардем, ки ба муҳаббати мо халал нарасонад. Ҳақиқати ҳолро аз худи Рухсора мепурсам, гуфта буд. Имрўз омада, ҳамон гапро пурсидаст. Рухсора даъвои маро тасдиқ кардасту вай гапро дароз накарда, ба раҳи омадааш баргаштаст.
Барои Рухсора дар назди вай ҷавон иқрор кардани муҳаббаташ чӣ ҷасорати баланд аст, ман медонистаму худи ў. Ин гап ҳаргиз дар дили он ҷавон хоб намекунад.
Ҳатто як бар даҳ афзуда, овоза мекунад, бо ҳамин тасаллӣ меёбад, дар пеши наздиконаш худро сафед мекунад. Албатта, дар шаҳр, дар аксар деҳоти Тоҷикистон ҳам, ин гуна воқеаҳо гапу кори муқаррарии ҷавонону духтарон аст, аммо барои духтари Ҳалқасой ин гуна иқроркунӣ бадномии гўшношунидае буд.
Гоҳе фикр мекунаму худро маломат мекунам, ки гул барин духтар ба ҳасрати ман сараш пурмаломат, дилаш дар изтироб аст. Бо ҳамин андеша аксар озурдагиамро аз муомилаи падару модараш маълум намекардам.
Фақат баъди ба хона рафта омаданаш пурсидам:
– Барои чӣ ин хел кардаанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор