Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
медоданд магар, дилам ҳамеша ғаш буд, баъзан бесабаб аз ҳама кор дилсард ва маъюс гашта, ба зиндагӣ беалоқа ва лоқайд менигаристам. Мардум дар атроф кор мекарданд, механдиданд, бо ҳам дарди дил мегуфтанд, суруд мехонданд–зиндагӣ доштанд.
Исрофилзода аз кори ман қаноатманд аст. Баъзан зиёда меҳраш метобаду маро ҳамроҳаш ба тўю зиёфатҳои ошноҳояш мебарад. Ягон шиносаш ба меҳмонӣ таклиф кунад, баъзан «агар равем ҳар ду меравем, шуморо дар ин ҷо монда, худам танҳо намеравам», гӯён одамгариро сад фоиз ба ҷо меорад.
Дар ин хел зиёфатҳо маро дар паҳлўи худ шинонда, қадаҳамро холӣ намегузорад. Дар муддати пахтачинӣ ақидаи ман дар хусуси ин одам дигар шуд. Исрофилзода ҳамчун муаллим ва олим қобилияти баланд надошта бошад ҳам, марди дарёдил, дилёб ва беғаш барин.
Манучеҳр ба наздам омаду маро аз кинадории вай огоҳ карданӣ шуда, дар омади гап, чӣ гуна декани пештараи факултетро ба вартаи бадномӣ андохтани Исрофилзодаро ҳикоят кард. Гуфтам, ки Исо ҳам ба раҳи худ, Мўсо ҳам. Ба ман бадкорӣ накардагӣ одамро бад гуфта наметавонам.
Баъди хостгорӣ ману Рухсора ба чашми якдигар нигариста наметавонистем. Вай аз кори падару модараш дар хиҷолат, ман дилозурда ва малул, гӯё ба якдигар чӣ гуфтанамонро намедонистем. Вай хиҷил гашта бошад ҳам, ман барин пакар ва малул не. Маълум буд, ки муҳаббати вай мулоҳизанок аст, баръакси ишқи пуршўру пурэҳтироси ман, вай ба ҳукми ақл ва мантиқ тан дода, кор мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор