Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Монед, ғам нахўред, ҳеҷ гап не, – гуфтам ман бештар барои ором кардани он кас.
– Ҳа, сарат амон бошад, тоқӣ ноёб не. Фақат барои саргардон карданаш мегўям-дия. Дар пеши халқ кори нағз нашуд. Набошад ҳеҷ гап не, ту парво накун, – он кас ҳам дар навбати худ маро тасаллӣ доданд.
Оё ман тасаллӣ меёфтам? Касе тасаллӣ меёбад, ки ба тақдир тан медиҳад. Дили якрави ман ба ҳукми зиндагӣ, ба амри дигарон сар намефуровард. Баъзан худам ҳам намедонистам, ки аз ин умеди дароз муродам ҳосил мешавад ё не. Бо дили якрўй ва иродаи таслимнопазире, ки доштам, маҷбур будам умре дар изтироб зиндагӣ кунам.
Аммо қадами шуми бебарорӣ бо ин ҳам аз остонаи ман канда нашуд. Аз рафтораш, устод – зиндагӣ ҳамаи билетҳои имтиҳонашро пеши ман гузошта, қасди он дошт, ки ирода ва тобу тавоноии маро дурусттар санҷад.
- ОСМОН ДАР ҲАМА ҶО ЯКРАНГ НЕСТ!
Мегўянд, ки ситораи думдор нишонаи ягон фалокати
ба сари халқу мамлакат меомадагӣ аст. Дар осмон
ситораи думдорро дида, пирон даст ба гиребон бурда,
лоҳавл мехонанд, зимнан абрў чин карда, аломатҳои
фалокати пеш меомадагиро дарёфтанӣ мешаванд,
нишонаҳои онро меҷўянд. Ҳоло ба назарам чунин
менамуд, ки дар осмони ҳаёти ман ҳам ситораи думдоре
пайдо шудааст. Дандонаҳои сарди он аз нохушие хабар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор