Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
набудам. Бигзор, бо ман ҳар чӣ хоҳанд кунанд, аммо падари пир ва ҳамдеҳагони солдидаи маро ин хел овора ва музтариб карданашон, маро дар деҳа ба ин андоза шарманда сохтанашон мағз андар мағзи устухонамро месўхт, саропо меларзидам, аз ғазаб дандон ба дандон фишурда будам. Ҳар як бебарорӣ аламовар аст, аммо ин хел муомила тобу тавони касро хушк мекунад, монанди дарахте, ки барқ задааст, одамро дар як лаҳза сўхта, хокистар месозад. Аз афташ, баъзеҳо дар сари ҳамин хел вазъият ҷиноятҳои мудҳиш содир мекунанд.
– Э, афсўс, сад афсўс! – бо алам сар меҷунбонданд амакам. – Охир нокас, дилат набошад, дафъаи аввал не гўю мон, ё чарх зада бед, маслиҳат карда бинем, гўй. Мо ин одамҳоро намеовардем, он вақт садқаи сар мегуфтему мерафтем... Дар байни халқ сар бардошта гаштан мушкил шуд. Боб кард! Э, боб кардан ҳам гап шуд!..
Амакам дар диван, ман дар кат нишаста, ҳарду лаънат мегуфтем, алам мекашидем, дандон мехоидем.
Вақте ки дил дар оташи ситам ва ноҳақӣ гудохта мегардад, об мешавад, ниҳоят хатарнок аст. Дил ҳам шиша аст, шиша, ки об шуд, аз оташ бадтар аст, мегўянд.
– Замона намебардорад-дия... – гуфтанд амакам, аммо давоми гапашонро изҳор накарданд. Чашмонашон ба як тарзи аҷиб дурахшид, дар ваҷоҳати он кас шарораи густохӣ ва бебокии кайҳо хомўш гашта, лаҳзае рўй задагӣ барин шуд.
Ман фикр кардам, ки амакам агар замона бардорад, ин ғавғоро чӣ хел ҳал мекарда бошанд? Магар ман розӣ мешудам, ки ба пои духтар хоре халад, ё ба падару модару хешу табори вай ситаме расад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор