Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Боғи ободу шукуфонатонро сел рўфтагӣ барин ҳайрону музтар мемонед.
– Ҳа, чӣ гап шуд? – тоқатам тоқ шуда, аз масофаи бист-сӣ қадам дур пурсидам.
– Э, напурс, – гуфтанд амакам ғамгин сар ҷунбонда, баъди он ки мо рў ба рў шудем, – инҳо қавли ҳалол надоштаанд. Таксӣ мора бурда, сари кўча партофту рафт. Чизу чораро фуроварда, дар таги чинор мондему барои хабар додан ба ҳавлӣ даромадем. Дар қафо боз ду таксӣ одам, якбора бесаришта нашавад, гуфтем. Э, вай одами ғалатӣ будаст. «Баъди шумоён рафтан маслиҳат кардем, модари духтар розӣ не, берозигии модар чӣ хел мешавад?» мегўяд, – амакам тақлиди гапзании падари Рухсораро карданд. – Гуфтам, ки бори гузашта маслиҳататон напухта буд? Ин қадар одама аз куҷо ба куҷо овора карда овардан бозӣ не! «Хайр, як бор аз мо гузашт, мебахшед», мегўяд. Сонӣ дадаат даромаданд, дигарҳо рафта гап заданд, не, гап таъсир намекунад. Ба чойхона рафта, аз якта-нимта мўйсафедони деҳааш маслиҳат пурсидем. Бечораҳо чӣ ҳам гўянд, номардӣ кардаст, гуфта оташин шуданд, дилбардорӣ доданд.
Сонӣ харбузаҳоро ба ҳамонҳо додем, як гўсфанди дусадсӯмиро кушта оварда будем, арзону аломат гўшташа фурўхтему омадем. Димоғи дадаат сўхтагӣ, ҷудо оташин... Хайрият, ки дар хона набудӣ. Шумоён равед, ман имшаб хоб карда, фардо меравам, гуфтам.
Баъд онҳо рафтанду ман мондам... Ягон нокас ин кора вайрон кард-дия, набошад маслиҳат пухтагӣ буд.
Вазъияти он лаҳзаинаи маро тасаввур кардан мушкил аст. Ман ба ҳар як нокомӣ, ба ҳар як зарбаи зиндагӣ омода бошам ҳам, чунин бешафқатиро ҳаргиз нигарон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор