Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хўрдам, чашмам ба эълонномаи филми нав афтоду билет
гирифта, ба кино даромадам.
То имрўз дар хусуси тўй, зиндагиамон бо Рухсора,
хонаю манзил ҳеҷ фикр накарда будам. Ҳамаи ин дар
назарам гапу кори ояндаи дур барин менамуд. Аммо
имрўз ин андешаҳо гаштаю баргашта дар сарам ҷўлида,
маро беқарор мекарданд. Институтро тамом карда, сечор моҳ кор карда бошам ҳам, ҳоло дар ҷайбам сад сўм
пул несту хонадор шуданиам, тўй карданиам! Албатта,
умедам ба падар, онҳо ба нияти тўйи ман чандин сол боз
аз хўрдану пўшидан сарфа карда, тайёрӣ доранд. Аммо
умедворанд, ки ман ҳам «инро харҷ кунед», гуфта, ҳеҷ
набошад, чорсад-панҷсад сўм дароз мекунам. Онҳо
намедонанд, ки дар шаҳр аз моҳонаи ман баринҳо
пасандоз кардан осон не. Агар ин хел ҳолат рўй
доданашро медонистам, аз ягон ҷо кори шабона
мегирифтам...
Баъди тамошои филм бо ҳамин андешаҳо ба хобгоҳ
расиданамро худам нафаҳмида мондаам. Боди сарди
фасли хазонрез аз роҳу майдонҳо баргҳои рехтагиро
рўфта, ба ҷўю чуқуриҳо ғун мекарду гўё ҳамаи ин бесару
сомониро ба тартиб овардан мехост.
Аз дур қомати баланди амакамро дида, дилам таҳ
кашид. Онҳо имшаб дар Ҳалқасой бо як дег ош, нон
шикастанашонро ба пирони деҳа маълум карда, рўзи
дигар баргаштанӣ буданд. Қомати амакам аз ҳарвақта
пасттар, тамоми ҳастиашон сарнагун ва пажмурда
барин намуд, ки ин аз ягон ҳодисаи ногувор далолат
мекард.
Баъзан мушкиле, ки ба ҳалли он чашматон намерасад,
ба осонӣ, худ аз худ ҳал мешаваду коре, ки аз он дилпур ҳастед, вайрон мешавад.

пешина
аз 538
навбатӣ