Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа, ин кас барои обуна рафта буданд, ҳозир омаданд, – гуфт ҷонишини декан бештар барои худашро сафед кардан.
– Ман аз он ҷо баромада, ба бригадаҳои дигар рафтам, ба колхози ҳамсоя гузаштам, ҳозир омадам, – гуфт Қодиров ба гапи ман писханд зада.
Авзои хушнуди ўро дида, семинаре, ки вай баҳои ғайриқаноатбахш гирифта буд, ба хотирам омад. Дар ивази корҳои ҷамоатиаш баъзе муаллимон ба вай гузашт мекардаанд, семинарҳоро тайёр накунад, гап намезадаанд, ҳатто берозигии худи вай аз ў дарсро намепурсидаанд. Исрофилзода ўро ҷонибдорӣ карда, «обрўи ин хел фаъолҳоро нарехтан даркор», гуфтанашон дигарбора дар гўшам садо дод.
Ҳоло Қодиров барқасди ман хушнудиашро пинҳон накарда, бо раҳбарон худро наздик гирифта, гап мезад, хушомад мегуфт ва бо тамоми ҳаракатҳояш маро нописанд карданӣ мешуд. Ба ҳар як сухани оддии калонон, агар он ба мақсади ҳаҷву киноя гуфта шавад, аз ҳама пеш, вай қоҳ-қоҳ зада механдид.
Тамаллуқкориҳое мекард, ки аз он дили ҳар одами каму беш зирак беҳузур мегашт, аммо калонон аз ў мамнун буданд. Баъзан фарёд карданам меомад, ки ҳамаи ин пастии нафратангез аст!
Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад, гуфтаанд, ин ҳам гузашт. Аммо андўҳи сазовортаре дар пеш ба ман нигарон будаст. Рост мегўянд, ки бебарорӣ ҷуфт-ҷуфт меояд. Ғусса як бор аз дар дарояд, омўхта мешавад, лангон-лангон, бо овози хиррӣ, напурсида омадан мегирад.

пешина
аз 538
навбатӣ