Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бегоҳӣ ба штаб равам, Самеъзода бағоят ғазаболуд, хирмани хошоки хушк барин дармегирифт.
– Ба ман дар колхози ҳамсоя гуфтанд, ки донишҷўе ҳалок шудааст, шумо бо духтарон ба сайру гашт рафта будаед! – бо ғазаб ба рўи миз мушт зада, бо пояш замин мекўфт вай. – Ба штаби факултет омада пурсам, инҳо бехабар! Ин чӣ номаъқулӣ? Шумо калла доред ё… – Вай ин қабил суханҳоро сел барин мерехту фарёд мезад ва ба ман имкони даҳон кушодан намедод.
– Муаллим, ман...
– Чаро ба штаб хабар надодед? Чаро? Агар мурад, чӣ кор мекардед? А? Шумо ҳушёр мегардед ё маст?
– Шаби гузашта ин ҳодиса рўй дод. Ман дар штаб будам. Рафтам, шабошаб ба беморхона равон кардем.
Ана, акнун омадам.
– Чаро пагоҳӣ хабар надодед? Чаро шаб хабар надодед? Каллаварам!
– Пагоҳӣ ба беморхона рафтам. Аҳволаш дуруст.
Дигар фурсат нашуд.
– Кайфу сафо карда гаштам, гўед! Ман шуморо як одами дуруст мешавад, гўям, як дарди сар будед-ку!
– Чӣ хел кайфу сафо?.. Тавба... – имдодталабона ба ҳозирон нигаристам. Ҳама хомўш, ба ҳар тараф чашм дўхта буданд, фақат ба рўи ман наменигаристанд.
Чашмам ба донишҷўи курси дуюм, сардори гурўҳ Қодиров афтод. Вай шаби гузашта дар бригадаи мо буд.
– Ин кас дар ҳамон ҷо буданд, гумонам, ки омада мегўянд, – гуфтам ман ночор монда. Ин лаҳза аз дилам гузашт, ки хабарҳои дурўғро вай паҳн кардааст.

пешина
аз 538
навбатӣ