Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
меомадам, дар роҳ аз донишҷўёни курси якум як нафар духтару ду тан ҷавон ба ман ҳамроҳ шуданд. Ҳар се ҳам комсорги гурўҳи худ буда, аз бюрои комитети комсомол меомаданд. Ба қароргоҳ расидему таҳдари хобгоҳи бачаҳоро пуродам дида, дилам таҳ кашид. Саросема пеш давидам. Маълум шуд, ки донишҷўе якбора ба дарде печида, аз по афтодаст. Вай беҳуш, дасту пояш чангак шуда, даҳонаш кафк зада, бачаҳо дасту пояшро дошта меистоданд. Ман фурсатро нагузаронда, ба тарафи саройи пахтаи бригада тохтам. Дар он ҷо ғайр аз саройбони пир каси дигар набуд. Ногоҳ ба хотирам омад, ки дар ҳамин наздикӣ, дар юнучқазор ҳамеша сечор асп мечарид. Тозон рафта, ишкели яктаашро кушода, ба гардани асп бастам ва онро нухта кардаму беабзор савор шуда ба ҷониби деҳа роҳ гирифтам.
Тақрибан соати дувоздаҳ ба деҳа даромадам. Сагон аз ин шабохуни одами ношинос валвала карда, деҳаро ба сар бардоштанд. Ман духтури деҳаро аз хоб бедор карда, воқеаро гуфтам. Ҳар ду ба духтурхонаи вай рафта, ба бемористони район занг задем ва ба мошини ёрии таъҷилӣ раҳнамоӣ карданро ба писарчаи сездаҳсолаи ў вогузошта, худамон саросема ба қароргоҳи мо омадем.
Он шаб қарибиҳои соати се ҷавони беморро ба ягон бемористон бурданду баъд мо хоб кардем.
Субҳи рўзи дигар ман ба бемористон рафтам. Бемор ба ҳуш омада, нишаста буд, дақиқае ҳамгап ҳолҷўӣ намудам, духтурро дида, вазъи беморро пурсидам.
Сипас баргашта омада, донишҷўёнро хотирҷамъ кардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор